Тоҷикистон расман чанд бекор дорад?

Тайи нимсолаи аввали соли равон ҳудуди 75 ҳазор нафар ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, то ҷойи кор пайдо намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Расман 32,4 ҳазор нафар дар 6 моҳи аввали соли равон ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудаанд, хабар дод Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Амонзода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, тайи шаш моҳи аввали соли равон ба мақомоти шуғли аҳолӣ 75 ҳазор нафар барои пайдо намудани ҷои кор муроҷиат намуданд.
Аз ин 54,3 ҳазор ҳамчун корҷуй ба қайд гирифта шуда, 32,4 ҳазор расман мақоми бекорӣ гирифтанд, илова намуд вазир.
Дар ҳамин ҳол муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамоно аз манобеи аслии таъмини тоҷикистониён ба кор ба шумор меравад. Ба иттилои мақомоти тоҷик, ҷараёни муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон ҳудуди 2 баробар афзоиш ёфтааст.
Муҳоҷирати корӣ ба Корея: вазиру сафир як роҳи дигар ёфтанд
Аз ҷумла дар 6 моҳи соли 2022 беш аз 322,68 ҳазор нафар аз шаҳрвандони кишвар барои кор ба хориҷ рафтанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар зиёд аст.
Аз ин шумора 264,6 ҳазор нафарро мардон ва 57,5 ҳазор нафарро занон ташкил медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 240,59 ҳазор нафар, аз ҷумла 194,39 ҳазор нафар мард ва 46,2 ҳазор нафар зан ба Ватан баргаштанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 4,5 баробар зиёд мебошад.
Ҳудуди 90%-и муҳоҷирони кории Тоҷикистон барои таъминоти рӯзгорашон ба Русия мераванд. Ҳамзамон 5%-и муҳоҷирони тоҷикистонӣ ба Қазоқистон ва боқимонда ба дигар кишварҳо рост меоянд.