Чанд нафар дар Тоҷикистон мактабро бо медали тило хатм кард?

Соли равон номзадии беш аз 140 нафар барои гирифтани медали тило ва аттестати аъло пешниҳод шуд, аммо комиссия дар асноди аксарият камбуд пайдо кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Озмун барои соҳиб шудан ба аттестати аъло ва медали тилою нуқра дар бахши универсалӣ ва равиявӣ бо пирӯзии 30 нафар анҷом ёфт.
Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, дар озмуни имсола 45 довталаб аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Аз ин шумора 30 нафар соҳиби аттестати аъло ва медали тилою нуқра дар бахши универсалӣ ва равиявӣ гардиданд.
Манбаъ афзуд, ки хонандагони шаҳри Душанбе сазовори 13 медали тило шудаанд. Муҳассилин аз вилояти Суғд сазовори 7 медали тило ва 1 медали нуқра гардидаанд.

"Хонандагони вилояти Хатлон сазовори 6 медали тило ва 1 медали нуқра ва хонандагон шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сазовори 1 медали тило ва 1 медали нуқра гардиданд", - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ тавзеҳ додааст, ки аз тарафи раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта 144 нафар довталаб ба озмуни аттестати аълои равияи универсалӣ, табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали тило ва нуқра пешниҳод шуданд.
Вазири маориф аз сифати таҳсил дар Тоҷикистон изҳори норизоӣ кард
Аз ин 45 нафар, аз ҷумла 5 нафар барои аттестати аълои универсалӣ бо медали тило, 11 нафар барои аттестати аъло бо медали тилои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, 26 нафар аттестати аъло бо медали тилои равияи табиӣ-риёзӣ ва 3 нафар аттестати аъло бо медали нуқраи равияи табиӣ-риёзӣ роҳ ёфтанд.
Вазорати маориф таъкид намудаст, ки маъмурияти аксари муассисаҳои таълимӣ дар пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои довталабони аттестати аъло бо медали тилло ва нуқра ба саҳлангорӣ роҳ дода, ҳуҷҷатҳоро бар хилофи талаботи низомномаи озмун пешниҳод кардаанд. Дар натиҷа аз ҷониби комиссияи экспертӣ дар ҳуҷҷатҳои довталабон камбудиҳои зиёд ба қайд гирифта шуд.