Гривна аз муомилот дар Херсон бардошта мешавад

Дар вилояти Херсон ният доранд, ки гривнаи украиниро аз муомилот бозпас гирифта, танҳо рубли русиро боқӣ гузоранд, чун он муфидтар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Гривнаи украинӣ дар вилояти Херсон аз муомилот гирифта мешавад ва дар ин минтақа танҳо рубли русӣ муомилот мешавад, хабар дод муовини раиси маъмурияти ҳарбию шаҳрвандии вилоят Кирилл Стремусов.
Ба гуфтаи Стремоусов, гривна суқути худро идома дода, ҷолибияти худро барои сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ аз даст дода истодааст. Ба наздикӣ дар вилояти Херсон "танҳо рубл" вуҷуд хоҳад дошт, афзуд ӯ.
Вай қайд кард, ки Бонки миллии Украина комилан ба Низоми захираҳои федеролии ИМА вобаста аст ва дар тасмимгириҳояш мустақил нест.
Маврид ба зикр аст, к 23 май дар вилояти Херсон минтақаи гардиши ду пул эълон шуд. Он ҷо дар баробари гривна пули русӣ низ дар муомилот қарор дорад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Парвозҳои ҳавопаймоҳои "Лансет" ва "Ласточка" безараргардонии Украинаро суръат мебахшанд
Дар доираи амалиёти низомии Русия дар Украина, вилояти Херсон ва қисмати назди баҳри Азови вилояти Запорож зери назорат гирифта шуд. Дар ин минтақаҳо раёсатҳои низомӣ-шаҳрвандӣ ташкил карда шудааст. Ба ҳамин васила Украина аз баҳри Азов канда шуд.
Андрей Турчак, котиби Шӯрои кулли ҳизби ҳокими "Русияи воҳид" қаблан гуфт, Русия ба ин минтақа барои ҳамеша омад ва мақоми онро сокинонаш муайян хоҳад кард.
Ахиран хабар дода шуд, ки Комиссияи интихоботӣ барои баргузории раъйпурсӣ дар мавриди мансубияти қаламрави Херсон аллакай ташкил карда шудааст.