Дар шаҳри Кӯлоб 44 лоиҳа амалӣ шудааст

Мақомоти шаҳри Кӯлоб хабар додаанд, дар шаш моҳи соли равон дар ин шаҳр 44 лоиҳа, ба маблағи зиёда аз 351 миллион сомонӣ амалӣ шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Назарзода Бахтиёр, раиси шаҳри Кӯлоб зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар шаш моҳи соли равон 44 лоиҳа ба маблағи зиёда аз 351 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар 32 лоиҳа корҳо идома доштааст.
Вай илова кард, ки 111 миллион сомонӣ аз худ гардида, азхудкунии маблағҳои лоиҳаҳо дар маҷмуъ 462 миллион сомониро ташкил додааст.
“Дар маҷмуъ қисми даромади буҷет 110,9 фоиз иҷро ва қисми хароҷоти он 96 фоиз таъмин гардид. Дар нимсолаи аввали соли 2022 аз ҳисоби музди меҳнат қарздорӣ ба қайд гирифта нашудааст”, - таъкид кард раиси шаҳр.
Ҳамчунин вай афзуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2022 бонкҳои шаҳр ба соҳаҳои иқтисодиёт 137,5 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ равона намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 26,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Масрафи беш аз 25 миллион сомонӣ барои таъмиру азнавсозии роҳҳои Хатлон
Раиси шаҳри Кӯлоб ҳамзамон иброз доштааст, ки дар шаш моҳи соли равон дар нозироти андози шаҳр 5172 соҳибкори инфиродӣ, аз ҷумла 2327 бо патент, 721 соҳибкор бо шаҳодатнома ва 2124 хоҷагиҳои деҳқонӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Ин мақомодори тоҷик дар ин нишасти матбуотӣ қайд кард, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҳагидорӣ дар шаҳр ба 209,5 миллион сомони расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 104,1 фоизро ташкил дод.
Аз ҷумла, аз ҳисоби истеҳсол ва фуруши маҳсулоти соҳаи растанипарварӣ 144 миллион сомонӣ, ё ин ки 4,4 миллилн сомонӣ зиёд, аз ҳисоби соҳаи чорводорӣ 65,4 миллион сомонӣ, ё ин ки 3,7 миллион сомонӣ зиёд ва аз ҳисоби соҳаи моҳипарварӣ 2,1 миллион сомонӣ, ё ин ки 0,4 ҳазор сомонӣ зиёд ба қайд гирифта шуд.
Суръати афзоиш мутаносибан 103,2 фоиз, 106,1 фоиз ва 100 фоизро ташкил дод.