Тасб аст, коронавирус нест: Усмонова вазъи эпидемиологӣ дар Суғдро шарҳ дод

Дар вилояти Суғд ҳолатҳои тасб ва монанд ба зуком зиёд ба қайд гирифта мешаванд, аммо ягон ташхиси коронавирус натиҷаи мусбат надодааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Бар асари таъсири пандемияи коронавирус, ки 2 сол давом дошт, феълан бархе сокинон ҳар ҳолати тасб ва ё зукоми мавсимиро ковид мепиндоранд.
Ин нуктаро Таҳмина Усмонова, роҳбари Маркази санитарию эпидемиологӣ дар вилояти Суғд, зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Ӯ афзуд, вазъи эпидемиологӣ дар вилоят муътадил аст, гарчанде ҳолатҳои тасбу бемориҳои монанд ба зуком ҷой доранд.
Мурашко вазъи коронавирус дар Русияро шарҳ дод
"Аммо дар асоси таҳлилҳои вирусологӣ, ҳаминро мегӯям, ки вазъ ором аст. Дар сурати муроҷиат аввал озмоиш гузаронда мешавад, агар зарур бошад, барои таҳлилҳои вирусологӣ намунаҳо равон карда мешаванд. Танҳо дар сурати тасдиқ мо метавонем, гӯем, ки бемор мубталои каронавирус шудааст", - гуфт Усмонова.
ба гуфтаи ӯ, дар пасманзари пандемияи коронавирус, ки ду соли охир давом дорад, ҳозир зукоми мавсимиро ҳам марбути он мепиндоранд.
"Ҳаво гарм шуда истодааст, назди кондитсионер менишинанд, ё оби хунук менӯшанд, гумон мекунанд, ки ковид шудаанд", - изҳор дошт масъули тандурустии Суғд ва таъкид намуд, ки беморхонаи сироятӣ тибқи реҷаи муқаррарӣ фаъолият дорад.
Усмонова дар шарҳи он, ки чӣ гуна то ҳол ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, изҳор дошт, ки шояд аз он сабаб бошад, ки 98,8%-и аҳолӣ бо вояи якуми ваксина моякубӣ шудаанд. Ба иттилои ӯ бо 98,1% бо вояи дуюм ва 79% бо вояи сеюм эмгузаронӣ шудаанд.