Раиси шаҳри Бӯстон: 432 нафар дар бемористонҳои шаҳрӣ ройгон бистарӣ шуданд

Мақомоти шаҳри Бӯстон мегӯянд, дар ин давраи ҳисоботӣ аз ҷониби беморхонаи шаҳрӣ 432 нафар ба маблағи 8,9 ҳазор сомонӣ ройгон бистарӣ карда шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Мавсума Муинӣ, раиси шаҳри Бӯстон зимни нишастӣ матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли равон аз тарафи беморхонаи шаҳрӣ 432 нафар ба маблағи 8,9 ҳазор сомонӣ ройгон бистарӣ карда шудаанд, ки аз онҳо 58 нафар оилаҳои камбизоат, 77 нафар маъюбон ва 72 нафар хизматчиёни ҳарбӣ мебошанд.
Ба гуфтаи вай, айни ҳол шумораи умумии кормандони соҳаи тандурустӣ 689 нафарро ташкил медиҳад.
Вай таъкид кард, ки аз ин шумор 145 нафар мутахассисони дорои маълумотӣ олӣ ва 317 нафар дорои маълумоти миёнаи тиббӣ мебошанд.
Бо дастури президент вазири тандурустӣ ба ВМКБ рафт
Ҳамчунин, зимни нишасти матбуотӣ қайд карда шудааст, ки таъминнокӣ ба 10 ҳазор аҳолӣ бо мутахассисони дорои маълумотӣ олӣ 37,9 дарсад ва бо мутахассисони дорои маълумоти миёнаи тиббӣ 82,9 дарсадро ташкил додааст.
Ёдрас мешавем, ки дар вилояти Суғд 181 муассисаи сохтори госпиталӣ, аз ҷумла 132 муассисаи сохтори госпатилии давлатӣ, 980 муассисаи сохтори КАТС, аз ҷумла 797 муассисаи давлатӣ, инчунин, 139 муассисаи махсусгардонидашуда фаъолият доранд.
Ба аҳолии вилоят 5304 табиб ва 18151 корманди миёнаи тиббӣ хизмат расонида истодаанд.
Дар вилоят 3 беморхонаи касалиҳои сироятӣ бо 1030 кат фаъолият дошта, бар илова 1700 кати захиравии карантинӣ омода карда шудааст.
Ҳамзамон, 21 муасисаи нигаҳдории тандурустии вилоят бо 5075 кат дар ҳолатҳои зарурӣ фавран омода карда мешаванд.