Бо супориши президент: чойхонаи "Роҳат" тахриб намешавад

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон мегӯяд, чойхонаи "Роҳат" аз феҳрасти биноҳое, ки мавриди тахриб қарор мегиранд, берун аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Чойхонаи "Роҳат", ки аз машҳуртарин чойхонаҳои Душанбе ба ҳисоб меравад, тахриб намешавад. Дар ин бора имрӯз Маҳмадсаид Зувайдзода, раҳбари Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, чойхонаи "Роҳат" аз феҳрасти биноҳое, ки бояд тахриб шаванд, берун аст.
Номбурда гуфт, чойхона тахриб намешавад, дар қисмати поёнаш Вазорати адлия меистад пеш гулгашт мешавад.
"Асосан аз бинои ҳукумат, ки дар байн аст, 65 метр бояд боло мешуд, аммо тибқи супориши президент мо инро ба 45 метр поин овардем ва "Роҳат" дар ҷояш боқӣ мемонад", - афзуд Зувайдзода.
Ба иттилои манбаъ, имкон дорад, биноҳои дар паси чойхона сохташуда бардошта шаванд.
Чойхонаи "Роҳат" соли 1956 сохта шудааст. Меъмори бино Константин Николаевич Терлетский, муҳандис Даниил Давидович Гедлинва устои халқии тоҷик Мирзораҳмат Алимов мебошанд.
Чойхонаи мазкур, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон машҳур аст.