Мирзиёев аз адами эътимоди ҷаҳонӣ гуфт

Раисҷумҳури Ӯзбекистон мегӯяд, ки бинобар омилҳои буҳронӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ хоҳанд шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон ахиран гуфт, ҳоло дар ҷаҳон афзоиши камбудӣ муколама ва эътимод мушоҳида мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости”.
Раҳбари Ӯзбекистон дар чаҳорумин нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Чолпон-Атаи Қирғизистон иштирок хоҳад кард.
Шавкат Мирзиёев дар ин нишаст гуфт: "Тағйироти босуръати низоми байналмиллалӣ бо оқибатҳои душвори пешгӯинашаванда ба назар мерсад. Мо шоҳиди он ҳастем, ки мулолама ва боварӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ба таври назаррас кам шудааст".
Мирзиёев гуфт, ошӯбҳо дар Нуқусро кӣ ташкил кардааст
Раисҷумҳури Ӯзбекистон ҳамчунин қайд кард, ки дар натиҷаи шиддат гирифтани бӯҳрони иқтисоди дар ҷаҳон кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мушкилоти хароб шудани занҷирҳои анъанавии логистикӣ рӯбарӯ шудаанд.
Вай гуфт, таварруми воридотӣ афзоиш ёфта, хатарҳои амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ чанд баробар афзоиш ёфтааст.
"Дар ин шароит талабот ба ҳамоҳангсозӣ ва баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳои бисёрҷониба дар чаҳорчӯби шакли гуфтугӯҳои машваратӣ боз ҳам бештар мешавад", - афзуд Мирзиёев.