Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Дар Тоҷикистон гуфтанд, аломатгузории марзро бо Қирғизистон чӣ гуна ҳал мекунанд

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ натиҷаҳои кор дар 6 моҳи соли 2022-ро ҷамъбаст кард: Ин кумита гуфт, барои аломатгузории марзӣ чӣ корҳо анҷом шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Аз моҳи январ то июни соли 2022 Тоҷикистон ва Қирғизистон барои аломатгузории сарҳад 3 вохӯрӣ баргузор карданд.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии ҷумҳурӣ Ориф Хоҷазода хабар дод.
Мутахассисони тоҷик дар як муддати муайян бо ҳамкасбони худ аз Ӯзбекистон 4 вохӯрӣ доир намудаанд.
"Ҳафт ҷаласаи гурӯҳҳои корӣ низ баргузор шуд. Сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон аломатгузорӣ шуд", - гуфт Хоҷазода.
Афзун бар ин, раиси Кумитаи давлатӣ тавзеҳ дод, ки дар 6 моҳи соли 2022 ин идора 7001 далели нақзи қонунгузории заминро ошкор кардааст.
Ҳамин тариқ, барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоршуда 6364 дастур дода шудааст. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 - 323 огоҳӣ зиёд аст.
Барои баҳодиҳии ҳуқуқӣ ба додситонӣ 555 ҳуҷҷат ворид гардида, 385 мавод оид ба иҷрои ҷазои ҷарима ба мақомоти иҷроия фиристода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳудудҳои тақсимнашудаи байни ҷумҳуриҳо давра ба давра ба минтақаи низоъ табдил меёбанд.
ВУХ аз музокироти навбатии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масъалаи аломатгузории марз гуфт
Сабаби асосӣ қитъаҳои аломатгузоринашуда мебошад.
Ҳамин тавр, охири моҳи апрели соли 2021 дар назди маркази обтақсимкунии "Головной" муноқишаи мусаллаҳона ба амал омад.
Задухӯрди байни сокинони маҳаллӣ бо даргирии низомӣ анҷом ёфт. Дар натиҷа даҳҳо нафар кушта шуданд.
Рӯзи 27 январ дар наздикии деҳаи Хоҷаи Аъло боз як муқовимати бузурги мусаллаҳона рух дод. Бар асари он ду нафар ба ҳалокат расида, 17 тани дигар маҷруҳ шуданд.
Коршинос 3 роҳҳалли баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистонро нишон дод
Илова бар ин, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳодисаҳои истифодаи силоҳ бештар рух медиҳанд. Ахиран 12 апрел чунин як ҳодиса рух додааст.
Барои руй надодани чунин ҳодисаҳои фавқулода, гурӯҳҳои топографии ҳар ду ҷумҳурӣ барои тақсимоти сарҳад, мунтазам ҷаласаҳо мегузаронанд.
Чун қоида, натиҷаи чорабиниҳо имзои протокол мебошад.