Путин гуфт, барои чӣ қимати нафту газ боло рафтааст

Раисҷумҳури Русия ахиран дар Теҳрон таъкид кард, ки нархи нафту газ дар ҷаҳон ба далели сиёсати пешгирифтаи Ғарб боло рафтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия гуфт, ки афзоиши қимати нерӯи энержӣ​​ба сиёсати кишварҳои Ғарб марбут аст.
Раисҷумҳури Русия дар ин бора дар як нишасти матбуотӣ дар сафари кориаш ба Эрон гуфт.
"Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар бахши Энержӣ бинобар тасмимҳои қаблан қабулшудаи сиёсӣ (Ғарб) коҳиш ёфт. Бонкҳо маблағгузорӣ намекунанд, ширкатҳои суғурта бима намекунанд, мақомоти маҳаллӣ барои сохтмонҳои нав замин ҷудо намекунанд, онҳо қубурҳо ва дигар васоили нақлияро тавсеа намедиҳанд. Ин ҷо натиҷаи сиёсати даҳсолаи қаблӣ аст”, - гуфт Владимир Путин.
Ёдрас мешавем, ки баъд аз оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина кишварҳои Ғарб алайҳи Русия дар бахши энержӣ таҳримҳо ҷорӣ карданд, ки боиси болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ ва нафту газ дар ҷаҳон шуд.
Путин дар бораи дидори эҳтимолиаш бо Зеленский гуфт
Кишварҳои ғарбӣ пас аз оғози амалиёти вижа дар Украина фишори таҳримот алайҳи Русияро афзоиш доданд. Даъватҳо дар бораи даст кашидан аз манбаъҳои энержии Русия баландтар шуданд.
Бо вуҷуди ин, халалдор шудани занҷирҳои таъминот боиси мушкилот дар Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида, пеш аз ҳама болоравии нархи ғизо ва сӯзишворӣ шудааст.
Кремл ин таҳримҳоро як ҷанги иқтисодӣ номид ва гуфт, Русия ба ҳамаи ин мушкилиҳо омода буд.