Путин дар бораи дидори эҳтимолиаш бо Зеленский гуфт

Раисҷумҳури Русия дар Теҳрон ба рӯзноманигорон гуфт, ки ҳукумати феълии Украина хоҳише барои иҷрои тавофуқҳои қаблиро надорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар пайи хабари расонаҳо дар бораи дидори эҳтимолии ӯ бо Владимир Зеленский гуфт, ки Киев аз иҷрои тавофуқоти қаблӣ даст кашид ва мақомоти Украина ҳоло ҳам аз иҷрои ин уҳдадориҳо худдорӣ мекунанд, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
"Барои фароҳам овардани ин шароит (гуфтушунид) мо нерӯҳоямонро аз маркази Украина, аз Киев берун кашидем. Мақомоти Киев аз иҷрои ин тавофуқҳо худдорӣ кард, ҳарчанд онҳо амалан ба тавофуқ расида буданд. Аз ин рӯ, натиҷаи ниҳоӣ, албатта, аз миёнаравҳо вобаста нест, балки аз хоҳиши тарафҳо вобастааст, ки тавофуқҳои қаблиро иҷро намоянд. Мо имрӯз мебинем, ки мақомоти Киев чунин хоҳишро надоранд”, - гуфт Путин баъд аз нишаст дар Эрон.
Қаблан радиои Sputnik хабар дода буд, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, аз кумаки ҳамтои туркиаш Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар музокироти содироти ғалла аз Украина қадрдонӣ кардааст.
Баёнияи Русия, Туркия ва Эрон: Даргириҳои Сурия роҳҳалли низомӣ надоранд
Ёдрас мешавем, ки қаблан дар расонаҳо дар бораи эҳтимоли дидору мулоқоти Владимир Зеленский бо Владимир Путин хабарҳо нашр шуд. Бояд гуфт гуфт, ки баъд азмалиёти вижаи Русия дар Украина миёни ду кишвар чандин музокиот баргузор шуд аммо на дар сатҳи руасоиҷумҳури ду кишвар.
Русия рӯзи амалиёти вижаи низомиро 24 феврал дар Украина оғоз кард.
Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "безараргардонӣ ва нозизудоии Украина", анҷом дода шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.