ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Ҳадафҳои ҷуғрофии амалиёти вижаи Русия дар Украина тағйир ёфтанд, изҳор дошт вазири корҳои хориҷии ФР, Сергей Лавров дар мусоҳиба бо РИА "Новости" ва RT.
Вазир аз омилҳои тағйирёбии аҳдофи ҷуғрофиро ба Киев фиристодани мушакпарто ба масофаи дур - HIMARS-и амрикоиро ном бурд.
"Президент хеле возеҳ гуфт, тавре ки шумо аз ӯ иқтибос овардед - нозизудоӣ ва ғайринизомисозӣ ба он маъност, ки ба амнияти мо таҳдиде аз қаламрави Украина набошад. Ин ҳадаф боқӣ мемонад", - таъкид кард роҳбари департамент.
Вай ёдовар шуд, ки ширкаткунандагони музокироти Маскав ва Киев дар Истанбул ҷуғрофиёи охири моҳи марти соли 2022-ро мавриди баррасӣ қарор дода буданд. Аз ин рӯ, Русия омода буд пешниҳоди намояндагони Украинаро бипазирад.
"Ҳоло ҷуғрофиё дигар аст. Он ҷо на танҳо ҶХД ва ҶХЛ, ҳамчунин вилояти Херсон, вилояти Запороже ва як қатор қаламравҳои дигар астанд ва кор дар ин самт пайваста ва қотеона идома дорад", - гуфт ӯ.
Ҳадафҳои ҷуғрофии амалиёти махсус дар пайи он тағйир меёбад, ки Ғарб аз сари хашми оҷизонааш ва ё бо хоҳиши то ҳадди имкон тезутунд кардани вазъ, Киевро бо аслиҳаи дурпарвоз таъмин мекунад. Русия бо назардошти ин хатти амалиётро аз ҷабҳаи кунунӣ дуртар хоҳад буд, изҳор дошт вазири корҳои хориҷӣ.
Ба гуфтаи вай, Маскав наметавонад иҷоза диҳад, ки дар қисмати Украина, ки Зеленский таҳти назорат хоҳад гирифт ё ҳар кӣ ӯро иваз мекунад, силоҳе мавҷуд бошад, ки ба қаламрави Русия ва он ҷумҳуриҳое, ки истиқлолияти худро эълон кардаанд, хатари мустақим дошта бошад.
Русия амалиёти низомиро 24 феврали соли равон оғоз карда, ҳадафи онро озодсозии Донбасс ва нозизудоию ғайринизомисозии Украина хонда буд.