ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Чолпон-Атаи Қирғизистон иштирок мекунад.
Дар ин бора Муратбек Азимбоқиев, мудири шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти Қирғизистон, хабар дод.
Сомонаи президенти Қирғизистон аз қавли Азимбоқиев овардааст, ки мулоқоти мазкур рӯзҳои 20 ва 21 июл дар маркази вилояти Исиқкӯл баргузор мешавад.
Дар он Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, роҳбари Қирғизистон - Содир Ҷабборов, Қазоқистон - Қосим Ҷомарт Тоқаев, Туркманистон - Сардор Бердимуҳаммадов ва президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок мекунанд.
"Роҳбарони давлатҳо дар мавриди таҳкими ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар баробари хатару чолишҳои минтақавӣ табодули афкор хоҳанд кард", - изҳор доштаст Азимбоқиев.
Вай афзудааст, ки президентҳо ҳамчунин дурнамои тавсеаи ҳамкорӣ барои рушди устувори иқтисодии минтақаро баррасӣ мекунанд.
Таҳкими ҳамкорӣ дар бахши фарҳангию гуманитарӣ аз мавзуъҳои дигари меҳварии мулоқоти роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ гардид.
Таъкид шудааст, ки дар доираи мулоқоти машваратӣ имзои асноде дар назар аст, ки ба таҳкими ҳамсоядории нек ва ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа равона шудаанд.
Инчунин мулоқоти дуҷонибаи Содир Ҷабборов бо бархе аз роҳбарони минтақаӣ дар назар аст.
Баргузории мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ тайи солҳои охир ба ҳукми анъана даромада, он ҳар сол ба навбат дар яке аз кишварҳои минтақа баргузор мешавад. Соли гузашта мизбони мулоқоти машваратии президентҳои Осиёи Марказӣ Туркманистон буд.