Тоҷикистон захираи асъору тилояшро зиёд кард

Захираи асъору тилои Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир кофист, ки метавонад воридоти беш аз 8-моҳаи молу маҳсулот ба ҷумҳуриро пӯшонад, гуфт раёсати Бонки миллӣ
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. То охири нимсолаи аввали соли 2022 захираи тилою асъори Тоҷикистон ба ҳаҷми воридоти 8,1-моҳаи ҷумҳурӣ баробар шудааст.
Ин нуктаро муовини раиси Бонки миллии кишвар, Фирдавс Толибзода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Ба гуфтаи ӯ, ин нишондод нисбат ба аввали сол 1 моҳ бештар аст. Масъулини Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз баёни он, ки захираи асъору тиллои байналмилалиро дар куҷо нигоҳдорӣ мекунанд, худдорӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон дар тӯли солҳои 2020-2021 қисмате аз захираҳои тилову асъори худро фурӯхтааст, то эътидоли молиявӣ дар бозори ҷумҳуриро таъмин кунанд.
Тоҷикистон содироти сангҳои қиматбаҳоро коҳиш дод
Дар аввали семоҳаи дуюми соли 2022, тибқи маълумоти Шӯрои ҷаҳонии тило, захоири ҷумҳурӣ ҳудуди 17,19 тонна ба маблағи тақрибан 1,1 млрд долларро ташкил додааст.
Захираҳои тилоро Тоҷикистон асосан аз ҳисоби захоири худӣ таъмин мекунад. Бештари корхонаи асосии тиллои ҷумҳурӣ бо сармоягузории Чин фаъолият мекунанд. Аз ҷумла корхонаи муштараки тоҷикистонию чинии "Зарафшон" ҳудуди 70%-и ҳаҷми умумии тиллоро дар кишвар тавлид мекунад.
Қаблан Саридораи геологияи назди ҳукумати кишвар ҳаҷми захираи тасдиқшудаи тилоро дар конҳои кишвар ҳудуди 500 тонна арзёбӣ карда буд.