ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Дастури ҳукумат ва бевосита президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ташкили 20 корхонаи саноатӣ дар ҳамаи навоҳии ҷумҳурӣ на дар ҳамаи ноҳияҳо амалӣ шуда истодааст.
Ин нуктаро Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Ба гуфтаи ӯ, ниҳоди тобеяш тасмим гирифт, ки аз мақомоти маҳаллӣ на танҳо иҷрои қарори ҳукумат дар ин бораро талаб намояд, балки тарҳҳоро пешниҳод кунад.
"Мо вобаста ба қобилияти аҳолӣ, ашёи хом барои ҳар ноҳия барномаҳои махсус омада кардем, ки дар кадом минтақа чӣ қадар маҳсулот тавлид шавад", - гуфт вазир.
Шералӣ Кабир таъкид намуд, ки масъулин дар маҳалҳо "бизнес-план"-ҳо ташкил карданд, ки кадом таҷҳизот аз куҷо бо кадом нарх метавонад ворид карда шавад.
Вай афзуд, ки барои татбиқи ин қарори ҳукумат чораандешиҳо идома доранд.
Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ҳоло дар кишвар 2479 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст.
Манбаъ дар ҷамъбасти натиҷаҳои шашмоҳа гуфт, шумораи корхонаҳои ғайрифаъол 673 ададро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 583 корхона мавсимӣ буда, 77-тои дигар коргоҳҳое мебошад, ки аз фаъолият бозмондаанд.
Манбаъ ёдрас шудааст, ки шумораи корхонаҳои аз фаъолият бозмонда то аввали январи соли равон 90 ададро ташкил медод.