ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Гармии ғайримуқаррарӣ дар Тоҷикистон 5 рӯз идома хоҳад кард. Дар ин бора мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар доданд.
Тибқи пешгӯии ҳавосанҷон, аз 19 то 23 июл дар ҷумҳурӣ ҳавои хеле гарм ва дар водиҳо то 39-44 дараҷа гарм мешавад.
Дар ҷануби кишвар ҳаво то 45-47 дараҷа ва дар баъзе ноҳияҳои куҳӣ ва доманакуҳ то 35-40 дараҷа гарм мешавад.
Дар ҳамин ҳол, рӯзҳои 19 ва 20 июл дар бархе аз манотиқи Тоҷикистон эҳтимоли фаромадани сел аз эҳтимол дур нест.
Сокинони ноҳияҳои куҳӣ ва баландкуҳ, ба ғайр аз манотиқи шарқии ВМКБ-ро ҳодисаҳои табиӣ интизор аст.
Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи граждании кишвар дар бораи қоидаҳое, ки дар гармои ҳаво бояд риоя карда шавад, пешниҳодҳое кардааст.
Наҷотдиҳандагон ба сокинон тавсия додаанд, ки либоси пахтагии сабук ва айнаки офтобӣ пӯшанд, бештар об нӯшанд, аз оббозӣ дар ҷойҳои мамнӯъ ва номуайян худдорӣ кунанд ва бештар мутаваҷҷеҳи кӯдакону пиронсолон бошанд.
Ба ронандагон ҳангоми ҳаракат дар навоҳии куҳӣ ва ё дар қитъаҳои селфаро тавсия дода шуд, ки фосилаи муқарраршудаи ҳаракатро қатъиян риоя кунанд. Наҷотдиҳандагон дархост мекунанд, ки бе зарурат ба манотиқи куҳӣ сафар накунанд.