ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати саноат ва техналогияҳои нави Тоҷикистон, дар нимсолаи якуми соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 19,1 млрд сомонӣ расонид шудааст.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки суръати афзоиш нисбат ба соли сипаригардида 117,3 дарсадро ташкил додааст.
Масъулини вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон илова кардаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли спаригардида ба маблағи 2,8 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамчунин вазорат иттилоъ додааст, ки ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои солҳои дахлдор дар ҳамин давра бе назардошти соҳаҳои энергетика, об ва табъу нашр ба 15,6 млрд. сомонӣ ва суръати афзоиш ба 126,3 дарсад ва бо нархҳои муқоисавӣ бошад ба 122,3 дарсад расонида шудааст.
Масъулини вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон таъкид кардаанд, ки бо назардошти вазъи баамаломада нишондиҳандаи мазкур байни ИДМ баландтарин ба ҳисоб меравад.
Тибқи иттилои вазорат бештар аз ҳама маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд истеҳсол шудааст.
Таносуби минтақаҳо дар таркиби маҳсулоти саноатии кишвар дар нимсолаи якуми соли 2022 чунин аст: Вилояти Суғд - 11128 млн. сомонӣ, Хатлон - 4316 млн. сомонӣ, НТҶ - 1966 млн. сомонӣ, шаҳри Душанбе - 1593 млн. сомонӣ ва ВМКБ - 77,3 млн. сомонӣ