Афзоиши беш аз 13-дарсадии истеҳсоли ангишт дар Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон иттилоъ додаанд, ки дар конҳои ангиш 13 корхона фаъолият намуда ва истихроҷи ангиш ба 852,9 ҳазор тонна расонида шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Тибқи иттилои вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, дар нимсолаи якуми соли равон дар 10 кони ангишт 13 корхона фаъолият дорад.
Тибқи иттилоии ин ниҳоди давлатӣ дар ин давра истихроҷи ангишт ба 852,9 ҳазор тонна расонида шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин даваи соли гузашта 102,3 ҳазор тонна зиёд буда, суръати афзоиш 113,6 дарсадро ташкил додааст.
“Инчунин аз миқдори ангишти истихроҷшуда 365,5 ҳазор тонна ё 42,9 дарсади он аз тарафи корхонаҳои давлатӣ ва 487,4 ҳазор тонна ё 57,1 дарсад аз тарафи корхонаҳои ғайридавлатӣ истихроҷ карда шудааст”, - таъкид кардааст вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар.
Вазорати саноат ҳамчунин хабар додааст, ки фурӯши ангишт дар ин давра 1029,7 ҳазор тоннаро ташкил намудааст, ки аз ин 178,1 ҳазор тоннааш аз ҳисоби бақияи ангишти солҳои пешин мебошад.
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон
Ин ниҳоди давлатӣ қайд кардааст, ки дар ин давра ба аҳолӣ 163,2 ҳазор тонна, ба муассисаҳои буҷетӣ 0,8 ҳазор тонна, ба корхонаҳои саноатӣ-энергетикӣ 729,9 ҳазор тонна (аз он 306 ҳазор тонна ба МГБ-2 шаҳри Душанбе ва дигар кохонаҳои саноатӣ 398,5 ҳазор тонна) ангишт фурӯхта шудааст.
Мутобиқи ҳисоботҳои оморӣ, бақияи захираи ангишт дар анборҳои корхонаҳои соҳа ба ҳолати 1 июли соли 2022 миқдори 387,9 ҳазор тоннаро ташкил менамояд.