Вазорати мудофиаи Сербистон дар бораи бори ҳавопаймои суқуткардаи украинӣ гуфт

Вазорати мудофиаи Сербистон мегӯяд, минаҳои дохили ҳавопаймои суқуткарда дар Юнон омӯзишӣ буданд. Маълум шуд, ки ҳавопаймо 11,5 тонна лавозимоти ҷангӣ доштааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Бори ҳавопаймои "Ан-12", ки шаби якшанбе дар Юнон суқут кард, аз минаҳои рӯшноидиҳӣ ва омӯзишии сохти Сербистон иборат буд. Дар ин бора Небойша Стефанович, вазири дифои Сербистон хабар дод.
Чунон ки аз ин пеш телевизиони Юнон хабар дод, ҳавопаймо шоми рӯзи шанбе, тахминан соати 22.45 дақиқаи ба вақти Маскав суқут кард.
Пеш аз суқут халабон дар бораи шикасти муҳаррик хабар дод ва барои фуруд омадани изтирорӣ дар фурудгоҳи Кавала иҷозат пурсид ва посухи мусбат ҳам гирифт.
Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, ҳавопаймо дар чанд километр дуртар аз фурудгоҳ дар киштзори ҷуворимакка ба замин бархӯрдаст.
Ба гуфтаи вазорати дифои Сербистон, ҳавопаймое, ки аз шаҳри Ниши Сербистон ба ҳаво парвоз мекард, 11,5 тонна маводи дифоии ин кишварро ба Бангладеш мебурд ва ҳамаи ҳашт узви экипаж, ки шаҳрвандони Украина буданд, ба ҳалокат расидаанд.
Суқути ҳавопаймои борбари украинӣ бо лавозимоти ҷангӣ дар Юнон - видео
Вазир қайд намуд, ки кишвар силоҳро танҳо тибқи стандартҳои байналмилалӣ, ба истифодабарандагони ниҳоии қонунӣ содир мекунад ва дар оянда низ ин корро идома хоҳад дод.
"Соли гузашта мо барои содироти силоҳ ба маблағи беш аз 1 миллиард доллар иҷоза додем ва тавонистем ба маблағи 500 миллион доллар силоҳ содирот кунем. Имсол ният дорем ҳаҷми содирот ва тавлидро бештар мекунем", - таъкид намуд вазири мудофиа.
Ӯ зикр намуд, ки тақрибан 22 ҳазор нафар дар Сербистон дар саноати дифоъӣ кор мекунанд.