Расонаҳо: Арабистони Саудӣ дархостҳои Байден дар бораи Русияро иҷро намекунад

Рӯзи шанбе раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден ба Арабистони Саудӣ рафт ва аз мақомоти ин кишвар хост, истихроҷи нафтро афзоиш диҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Арабистони Саудӣ бо вуҷуди дархости раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден аз созиши ОПЕК+ бо Русия берун нахоҳад шуд. Дар ин бора Ҳусейн Руйоран, коршиноси Ховари Миёна дар мусоҳиба бо "Hamshahri" изҳор дошт.
Як рӯз пеш Байден ба Риёз сафар карда, аз мақомоти Арабистони Саудӣ хостааст, истихроҷи нафтро афзоиш диҳад ва ба ин васила масрафи ҷаҳонии ашёи хоми Русияро коҳиш диҳад.
"Бо дарназардошти он ки Русия бузургтарин кишвари истихроҷкунандаи нафт аст, Арабистони Саъудӣ метавонад танҳо ба андозаи хеле маҳдуд тавлиди истихроҷро афзоиш диҳад, аммо аз созишҳо бо Федератсияи Русия ақиб нахоҳад шуд. Сатҳи пасти истихроҷи нафт ба манфиати Риёз аст, зеро даромад ва некӯаҳволии салтанат бевосита ба нархи нафт ва даромад аз фурӯши он вобаста аст", - гуфта мешавад дар мақола.
Байден гуфт, ИМА аз Ховари Миёна рафтанӣ нест
Ба гуфтаи коршинос, коҳиш додани нархи як баррел то 70-80 доллар барои Вашингтон зарур аст, аммо ба манофеи Риёз комилан мувофиқат намекунад.
"Муҳаммад бин Салмон инро хуб дарк мекунад. Ва аз ин рӯ, Арабистони Саудӣ ба <…> лозим нест, ки нархҳоро то ба сатҳи 70-80 доллар барои як баррел коҳиш диҳад. Вашингтон ба ин ниёз дорад, аммо Риёз тамоман манфиатдор нест", - гуфт Руйоран.
Пас аз оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина, Ғарб фишори таҳримот алайҳи Маскавро афзоиш дод. Бархе аз кишварҳо аз ях бастани дороиҳои Русия хабар доданд ва даъватҳо барои даст кашидан аз манобеъи энержии Русия дар Аврупо баландтар шуд.
Иттиҳодияи Аврупо аллакай шаш бастаи таҳрим, аз ҷумла, эмбарго ба ангишт ва нафтро қабул кардааст.