Президент дар Хатлон корро нахуст аз зиёрати оромгоҳи Султон Увайси Қаранӣ оғоз кард

Президент дар ҷануби кишвар ба вазъи зиндагии мардум, кишти такрорӣ шинос мешавад. Ин дувумин сафари ӯ давоми як моҳ ба ин минтақа аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари корӣ боз ба вилояти Хатлон рафт.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, мавриди истифода қарор додани иншооти гуногун, мақсаднок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигию саҳроӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон нахуст ба ба ноҳияи Ховалинги рафт.
Президент сафарро дар ин минтақа нахуст аз зиёрати оромгоҳи ҳазрати Султон Увайси Қараниро оғоз карда, баҳри пойдории ваҳдату оромӣ, рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва саодатмандию сарбаландии миллати тоҷик дуою фотиҳаи нек намудааст.
Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз замине, ки ба хоҷагии тоҷикию чинӣ дода шуд
Гуфта мешавад, ки оромгоҳи ин шахсияти таърихии миллати тоҷик дар мавзеи хушбоду ҳаво ва дорои табиати нотакрори ноҳияи Ховалинг ҷойгир буда, ҳамарӯза ин мавзеъро сайёҳони дохилию хориҷӣ зиёрат мекунанд.
Мавриди зикр аст, ки дар ҳудуди ноҳияи Ховалинг 2 ширкати сайёҳӣ, 15 меҳмонхона, 4 мавзеи сайёҳӣ, 2 тарабхона, 2 осорхона, 60 ёдгории таърихӣ, 2 мағозаи фуруши армуғон, 3 зиёратгоҳ, 1 боғи фарҳангиву фароғатӣ мавҷуд аст.
Теъдоди сайёҳони аз минтақа боздидкарда, дар нимсолаи якуми соли 2022 15,6 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Раисҷумҳур аснои зиёрат ва шиносоӣ бо имкониятҳои ин мавзеи сайёҳӣ боз ҳам ободу зебо гардонидани атрофи оромгоҳ ва риояи суннату анъанаҳои хоси миллиро ҳангоми ташрифу боздиди сайёҳону меҳмонон зарур шуморида, ба масъулин дастуру супоришҳо додааст.
Маврид ба зикр аст, ки раисҷумҳури кишвар зарфи як моҳ дуввумин бор аст, ки ба ҷануби кишвар сафар мекунад.
Қаблан ӯ аз ноҳияҳои Ҷайҳуну Данғара боздид карда, бо фаъолоъолони вилоят мулоқот карда буд.