Чаро аҳолии Тоҷикистон меафзояд: 5 омил

Вазири адлия гуфт, ки сабаби зиёд шудани давомнокии умр дар мамлакат дар чист: ба наздикӣ шумораи аҳолии ҷумҳурӣ чанд баробар меафзояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. То охири соли 2022 аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар мерасад. Дар ин бора Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи ҷумҳурӣ зимни нишасти матбуотие изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, дар нимсолаи аввали соли 2022 мизони таваллуд дар кишвар 6% афзоиш ёфтааст. Шумораи навзодон дар давраи зикршуда аз 111 дазор нафар гузашт.
"Дар 30 соли охир шумораи аҳолии Тоҷикистон аз 5,5 ба 9,8 миллион нафар, яъне 1,8 баробар афзуда, то охири соли 2022 ба 10 миллион нафар мерасад", - таъкид кард раҳбари Вазорати адлия.
Вай гуфт, ки дар 6 моҳи ахир дар кишвар 16,3 ҳазор нафар фавтидаанд, ки нисбат ба моҳи январ то июни соли 2021 5% камтар аст.
Илова бар ин, Музаффари Ашӯриён гуфт, ки сабаби боло рафтани давомнокии умр дар Тоҷикистон чист.
Дар Хатлон талоқ зиёд шудааст
Тамоюли мусбат ба рушди иқтисод, коҳиши маргу мири кӯдакон ва аҳолии қобили меҳнат, коҳиши истеъмоли машрубот ва тамоку, муборизаи бомуваффақият бо бемориҳои дилу раг ва коҳиши ҳодисаҳои куштор ва худкушӣ вобаста аст, гуфт вазири адлияи кишвар.
Дар ҳамин ҳол, вазир ба афзоиши шумори ҳолатҳои талоқ ишора кард.
"Дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар кишвар 7 ҳазору 265 ҳолати талоқ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12% зиёд аст", - шарҳ дод ӯ.
Аммо дар ҷумҳурӣ шумораи акди никоҳ баръакс, кам шудааст. Дар шаш моҳ 30 266 ҷуфт муносибатҳои худро қонунӣ кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 7% кам аст.