ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Мақомоти Русия нақшаи тавлиди навъи нафти вижаро дар соли 2023 таҳия кардаанд, менависад "Bloomberg".
Ин ба зарурати ҳифзи худ аз кӯшишҳои Ғарб барои маҳдуд кардани вуруди доллар ба кишвар вобаста аст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, вазоратҳои калидии Русия ва Бонки марказии Русия тасмим доранд, аз моҳи октябр ба тиҷорати нафт дар платформаи миллӣ шурӯъ кунанд.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки Русия ба ин кор шарикони хориҷиро ҷалб мекунад, то ба ҳаҷми кофии тиҷорат барои таъсиси меъёр аз моҳи март то июли соли 2023 ноил шавад.
Ду мансабдори рус, ки номашон бурда намешавад, таъйид карданд, ки корҳо дар ин самт идома дорад, зеро кишвар талош дорад, ки ашёи хоми он бидуни фишор ва маҳдудиятҳои беруна фурӯхта шавад.
Пешниҳоди "ҳафтгонаи бузург" танҳо як бори дигар зарурати чунин маҳсулотро собит кард, гуфт яке аз ҳамсуҳбатони агентӣ.
Мувофиқи ҳуҷҷат роҳандозии ин тарҳ "дар мархалаи аввал" қарор дорад.