ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Дар Русия маҳдудиятҳои коронавирус барои убури марз лағв шуданд. Қарори дахлдори сарвазири Федератсияи Русия Михаил Мишустин дар пойгоҳи расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.
Тадбирҳо дар моҳи марти соли 2020 бинобар пандемияи коронавирус ҷорӣ карда шуда буд. Бехтар вазъияти эпидемиологӣ имкон дод, ки онхо бекор карда шаванд.
Ёдовар мешавем, ки аз 14 июн мақомот ба шаҳрвандони хориҷӣ иҷозаи убури озодонаи марзи Федератсияи Русияро тавассути гузаргоҳҳои ҳавоӣ ва баҳрӣ додаанд.
Бо вуҷуди ин, маҳдудиятҳо барои ворид шудан бо нақлиёти заминӣ идома доштанд.
Ҳамзамон, талабот барои доштани шаҳодатномаи санҷиши тестӣ барои COVID-19 боқӣ мемонад.
Тибқи қарори Роспотребнадзор, танҳо шаҳрвандони Беларус метавонанд чунин ҳуҷҷат пешниҳод накунанд.
Русия аз 1 августи соли 2020 сабук кардани чораҳои коронавирусро оғоз кард. Аз моҳи март то ин лаҳза маҳдудиятҳо барои убури сарҳад дар ҳама минтақаҳои ин кишвар идома дошт.
Аввалин кишварҳое, ки парвозҳо бо онҳо аз сар гирифта шудаанд, Туркия, Танзания ва Британияи Кабир буданд.
Дар давоми зиёда аз ду сол Россия алоқаи ҳавоиро бо зиёда аз 78 давлат аз нав барқарор кард. Аз 2 июли соли равон Роспотребнадзор талаби пӯшидани ниқоб, манъи ташкили хӯроку дидорҳо шабонаи оммавӣ ва як қатор чораҳои дигарро лағв кард.
Дар ҳамин ҳол, дар ҳафтаҳои охир дар ҷаҳон афзоиши гирифторӣ ба COVID-19 мушоҳида шудааст. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (ТУТ) ба ҳама давлатҳо тавсия додааст, ки ба режими ниқоб баргарданд ва инчунин ба эмгузаронии 70% аҳолии ҳар як кишвар ноил шаванд.