ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Нахустин бозии дӯстона миёни мунтахаби футзали Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо ҳисоби мусовӣ 4:4 анҷом ёфт.
Ин бозӣ дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, дар Ҷиззах баргузор шуд.
Рақобат дар Маҷмааи варзишии "Суғдиёна" гузаронида шуд, хабар медиҳад, Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки аз ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон голҳоро Умед Кузиев, Баҳодур Хоҷаев, Идрис Ёров ва Дилшод Саломов ба нишон расониданд.
Бояд гуфт, 15 июл футзалбозони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Ҷиззах бозии дуюми дӯстонаашонро баргузор мекунанд.
Вохӯрӣ соати 19:00 оғоз мешавад.
Мавриди зикр аст, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 27 сентябр то 8 октябр дар Кувайт баргузор мешавад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи "В" ҳунарнамоӣ мекунад.
Рақибони дастаи Тоҷикистон тимҳои мунтахаби Баҳрайн (27 сентябр), Ӯзбекистон (29 сентябр) ва Туркманистон (1 октябр) мебошанд.