ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Готабая Раҷапакса, раисҷумҳури Шри-Ланка расман истеъфо дод, иттилоъ дод пойгоҳи хабарии Adaderana бо истинод ба парлумони ин кишвар.
"Готабая Раҷапакса рӯзи 14 июл ба таври расмӣ аз мақоми раисиҷумҳури Шри-Ланка истеъфо дод", - гуфт раиси парлумон Маҳинда Япа Абейвардена.
Барои тасдиқи суханони худ, ӯ як коғази расмии имзои Раҷапаксаро нишон дод, ки як рӯз пеш аз Сингапур ба ӯ фиристода шудааст.
Ёдовар мешавем, ширкаткунандагони тазоҳуроти оммавии якмоҳа алайҳи ҳукумати раисиҷумҳур Готабай Раҷапакса ба қароргоҳҳои президент ва нахуствазир ҳамла карданд.
Сарвари ин давлат эълон кард, ки истеъфо медиҳад ва кишварро тарк кард.
Ин боиси мавҷи нави эътирозҳо шуд, зеро бар хилофи интизориҳои мухолифин, Раҷапакса истеъфои худро ба раиси порлумон насупорид ва нахуствазир Ранил Викремесингҳеро, ки истеъфои ӯро низ тақозо доранд, раисиҷумҳури муваққат таъин кард.
Эътирозҳои оммавӣ алайҳи ҳукумати президент Готабая Раҷапакса охири моҳи апрел дар Коломбо оғоз шуд.
Тазоҳургарон ҳукуматро дар пешбурди сиёсати хатои иқтисодӣ муттаҳам мекунанд, ки боиси бадтарин буҳрони иқтисодӣ дар таърихи кишвар шудааст.
Рӯзи шанбе, 9 июл эътирозгарон қароргоҳҳои раисиҷумҳур ва нахуствазири Шри-Ланкаро ишғол карданд.
Субҳи рӯзи чаҳоршанбе, 13 июл Раҷапакса, ки қаблан нияти истеъфои худро эълон карда буд, кишварро тарк кард.