ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Дар ин бора ахиран дар ҷаласаи ҷамъбастӣ роҷеъ ба фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят дар зарфи шаш моҳи сипаришудаи соли равон хабар дода шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон.
Тибқи иттилои манбаъ, саноатчиёни вилоят дар тӯли 6 моҳи соли равон ба маблағи 4 миллиарду 316 миллиону 227,5 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, ҳаҷми истеҳсолро дар қиёс ба ҳамин давраи соли пешин ба маблағи 635 миллиону 236,6 ҳазор сомонӣ зиёд ва суръати афзоишро бо назардошти нархҳои қиёсӣ дар сатҳи 13,5 фоиз таъмин намуданд.
Ҳамзамон таъкид карда шудаст, ки дар маҷмуи маҳсулоти саноати саҳми саноат нисбат ба энергетика 16,5 дарсад зиёд гардидааст.
“Зиёдшавии маҳсулоти саноати асосан аз ҳисоби шаҳру ноҳияҳои Данѓара 179,3 млн., Кушониён – 58,4 млн., Норак 48,4 млн., Ш.Шоҳин – 32,4 млн., Кулоб – 30,5 млн., Ховалинг, М.С.А Ҳамадонӣ -29,1 млн., Бохтар 28,7 млн. ва Вахш- 25,1 млн. ба вуҷуд омадааст”, - қайд карда шудааст дар ҷаласа.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии вилоят ҳиссаи саноати истихроҷ 3,9 дарсад, саноати коркард 54 дарсад, истеҳсол ва таъминоти неруи барқ 41,5 дарсад, дигар хизматрасониҳо 0,6 дарсадро ташкил додааст.