ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар имрӯз дар нишасти хабарӣ ба хабарнигорон гуфт, ки яке аз бандҳои муҳими барномаи зиддибуҳронии Тоҷикистон дар он аст, ки пардохтҳо дар равобити тиҷорӣ бо шарикон бо пули миллӣ сурат гирад.
Ба гуфтаи вай, ин мавзуъ пас аз эъмоли таҳримҳо алайҳи бархе аз шарикони тиҷории Тоҷикистон матраҳ шуд.
Роҳбари Вазорати рушди иқтисод қайд кард, ки бахши хусусӣ ба воридот ва содироти маҳсулоти ниёзи мардум машғул аст.
Тибқи маълумоти мавҷуда, 70 дарсади қарордодҳое, ки бо шарикони рус имзо шудаанд, ҳисоббаробаркунии онҳо бо рубл сурат мегирад.
Ҳамзамон Завқизода таъкид кард, ки Тоҷикистон гардиши молро бо кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё афзоиш хоҳад дод.
Ӯ тасдиқ кард, ки бузургтарин шарикони тиҷоратии ҷумҳурӣ маҳз кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) мебошанд.
Ба таъкиди мавсуф, суръати гардиши савдои дуҷониба пайваста афзоиш меёбад ва кишвар ҳамкориҳоро ба таври густурда дар ин замина ба роҳ мондааст.
Ба гуфтаи вай, гардиши молии Тоҷикистон бо бархе аз кишварҳои узви иттиҳод 43% афзоиш ёфтааст.
Вай ҳамчунин гуфт, ки як гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст, ки дар он масъалаи ҳамкориҳо бо аъзои ИИАО ҳамаҷониба омӯхта мешавад.
ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки аъзои он Русия, Беларус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон мебошанд.