ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Дар зарфи шаш моҳ Тоҷикистон бо шарикони рушд ба маблағи 340 миллион доллар қарордод имзо кардааст. Дар ин бора Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ зимни нишасти матбуотияш изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, маблағҳои грантӣ барои дастгирии буҷети давлатӣ, энергетика, нақлиёт, саноат ва кишоварзӣ равона хоҳанд шуд.
"Фикр мекунам, ки то охири соли ҷорӣ мо метавонем беш аз ним миллиард долларро аз сохторҳои молии байналмилалӣ ҷалб кунем", - таъкид кард Завқизода.
Вай қайд кард, ки ниҳоди зертобеяш ва вазоратҳои дигар бо шарикони рушд ҷиҳати ҷалби маблағҳои грантӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунанд.
"Мо корҳои заруриро ҷиҳати ҷалби боз ҳам бештари захираҳои молиявӣ идома хоҳем дод, то онҳо ба рушди бахшҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон равона карда шаванд", - гуфт вазир.
Масалан, маблағҳои гирифташуда барои иҷрои лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Себзор"-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ташкилотҳои қарзии хурд барои додани қарз ба соҳибкорону деҳқонон бо шартҳои имтиёзнок, мубориза бо бемории сил, сохтмони беморхонаи нав дар Кулоб ва бисьёр дигар ҷойҳо истифода шуданд.
Қаблан Завқизода аз коҳиши суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2022 нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 1,3% хабар дода буд.