ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Палатаи ҳисоб мегӯяд, давоми ним сол дар пайи санҷишҳоии аудитӣ наздик ба 158,8 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ба давлатро ошкор кардаанд.
Қарахон Чиллазода, раиси ин ниҳод, дар нишасти хабарие гуфт, ин дар ҳолест, ки ба гуфти номбурда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта шумораи санҷишҳо 53 адад кам ва маблағи қонуншикании молиявӣ 75,6 миллион сомонӣ зиёд шудааст.
Қарахон Чиллазода, раиси ин ниҳод, дар нишасти хабарие гуфт, ин зарар дар пайи изофанависӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ расидааст.
Ба иттилои манбаъ, аз маблағи мазкур хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ 13,9 миллион сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 1,2 миллион сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 9,1 миллион сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 456,6 ҳазор сомониро ошкор кардаанд.
Ҳамзамон талафоти воситаҳои пулию молӣ 65,3 миллион, кам ҳисоб кардан ва рӯйпӯшсозии андозҳо 52,1 миллион сомонӣ, пардохти ҳатмӣ ва дигар пардохтҳо 15 миллион сомонӣ ва пардохт накардани суди саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта бошад 1,6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ба гуфти Чиллазода ин ошкорсозиҳо дар натиҷаи 82 санҷиш дар вазорату идораҳо сурат гирифтааст.
Раиси Палатаи ҳисоб гуфт, аз миқдори маблағи ошкоршуда 157,6 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба буҷет 66,5 миллион сомонӣ, ба корхонаҳо 85,1 миллион сомонӣ ва тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 6 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст, ки 99,2 фоизи маблағи умумии зарари молиявиро ташкил медиҳад.