Мараторияи андоз буҷаи давлатро "хароб" кард

Кумтаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, дар пайи эълони сабукиҳои дар додани андоз дар кишвар чӣ миқдор маблағ ба буҷаи ҷумҳурӣ ворид нашудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Нусратулло Давлатзода, раҳбари Кумитаи андози Тоҷикистон гуфт, аз ҳисоби эълони маратория ба буҷаи давлатӣ наздики ним миллиард соомнӣ ворид нашудааст.

"Мо дирӯз ҳисоб кардем, дар паи эълони маратория зиёда аз 530 млн сомонӣ ба буҷаи давлат ворид нашудааст", - гуфтНусратулло Давлатзода.

Давлатзода ёдовар шуд, ки тибқи таҳрири нави Кодекси андоз, дар Тоҷикистон андоз аз арзиши иловашуда то 3% кам карда шуд, андози истифодаи роҳҳои автомобилгард пурра бекор гардид ва андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилотҳои ғайрибуҷавӣ 5% муқаррар шуд.
Намояндаи Кумитаи андоз афзуд, ки фаъолияташонро аз рӯи Кодекси нави андоз ба роҳ мондаанд.
Кумитаи андоз бештарин қарздоронро гуфт
Ба иттилои Кумита, ҷамъоварии андоз дар сатҳи ҷумҳурӣ 101,8% иҷро шуда, ин ниҳод ба ҷойи 7 миллиарду 149,4 миллион сомонӣ 7 миллиарду 278,5 миллион сомонӣ ворид кардааст, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 129,1 миллион сомонӣ зиёд аст.
Ин ниҳод мегӯяд, дар ин давра андоз аз арзиши иловашуда ва андози иҷтимоии корхонаҳои ғайрибуҷавӣ иҷро нашуд.
Ба гуфтаи ин ниҳод, маблағи зиёди қарзӣ ба НБО "Сангтуда-1" 245,6 миллион сомонӣ, НБО "Роғун" 55,8 миллион сомонӣ, ҶСК "Тоҷиктелеком" 123,3 миллион сомонӣ рост меояд.
"Дар маҷмуъ қарздории ин корхонаҳо 43% маблағи умумии қарзҳои дар ин давра ба вуҷуд омадаро ташкил дода, аз аввали сол 190 миллион сомонӣ афзудааст", - гуфт раҳбари ин ниҳод.