ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Дар Душанбе ахиран ҷасади духтари 12-сола, ки ҳанӯз рӯзи якуми июл ғарқ шуда буд, пайдо карданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Бар хабари манбаъ, ҷасади ӯро наҷотбахшон дар обанбори канори Боғи Айнӣ пайдо карданд.
Бояд гуфт ҳамроҳ бо ӯ хоҳари 10-солааш низ дар канал ғарқ шуд ва ҷасадашро наҷотбахшон зуд пайдо карданд.
Қаблан, падари онҳо зимни як видеои муроҷиатӣ аз мақомот хост, барои чанд соат оби каналро хушк кунанд то ҷасади фарзанди худро пайдо кунад. Ӯ гуфт мавҷи об тез буда, ҳамзамон бисёр хунук аст ва кори наҷотбахшонро мушкил мекунад.
КҲФ бо нашр намудани хабари дарёфти ҷасади духтари 12-сола аз тамоми тоҷикистониёни муқими кишвар даъват намуд, ки дар наздикии кӯлу дарёҳо фарзандони ноболиғи худро беназора нагузоранд.
Қаблан ин ниҳод хабар дод, ки то 15 июни соли равон беш аз 60 нафар дар рӯду каналҳои кишвар ғарқ шуд.