ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъулини баландпояи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодиро барканор кард.
Ҳамин тавр, мутобиқи банди 8 моддаи 69 конститутсия, президент пешниҳод кард, ки раиси Суди Олии иқтисодӣ Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан ва муовинаш Комилӣ Файзалӣ аз вазифа озод карда шаванд.
Ҳамин тавр тибқи фармонҳои президенти Тоҷикистон 10 масъули баландпоя аз вазифа озод шуданд:
Мирзозода Рустам Пираҳмад аз вазифаи раиси суди вилояти Хатлон,
Ёқубзода Абдураҳмон Холдор аз вазифаи раиси суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон,
Иброҳимзода Шамсиддин Саймудин аз вазифаи муовини якуми раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон,
Ғуломзода Иноятулло Шарифҷон аз вазифаи раиси суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд,
Холиқмуродзода Далер Абдуғаффор аз вазифаи муовини якуми раиси суди шаҳри Душанбе,
Ҳафиззода Темур Ҷамшед аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе,
Шӯҳратзода Улуғбек аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе,
Маҳмадзода Хуршед Бобохон аз вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе,
Солеҳзода Зарина Тағойназар аз вазифаи муовини якуми раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ
Сабаби барканории масъулини болозикр гузаштан ба кори дигар гуфта мешавад.