Иддаои Хадамоти алоқа дар бораи боло бурдани суръати интернет дар Тоҷикистон

Масъулини Хадамоти алоқаи Тоҷикистон иддао доранд, ки суръати воридшавии интернет ба ҷумҳурӣ то 100 Гбит/сония расонида шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Масъулини Хадамоти алоқаи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар доданд, ки суръати воридшавии интернет ба кишвар зиёд карда шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар марҳилаи соли 2022 миқдори суръати воридшавии интернет ба ҷумҳурӣ ба 100 Гбит/сония баробар зиёд карда шуд.
Масъулин таъкид карданд, ки ин нишондод дар соли 2021 суръат 70 Гбит/сонияро ташкил медод.
Ҳамзамон дар нишасти матбуотӣ масъулини Хадамоти алоқа таъкид карданд, ки шумори истифодабарандагони интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит 4,2 млн. нафарро ташкил медиҳад.
Фаъолияти 88 ширкат дар бозори алоқа: даромади беш аз семиллиардӣ дар як сол
Инчунин намояндагони Хадамоти алоқа дар нишасти матбуотӣ аз шумори симкортҳо ва истифодабарандагони алоқаи мобилӣ ёдрас шуданд.
Тибқи иттилои масъулин ин ниҳоди давлатӣ дар ҷумҳурӣ шумори умумии симкортҳои истифодабарандагони алоқаи мобилӣ ба 7 мииллиону 943 ҳазору 309 адад расидааст.
Гуфта шудааст, ки аз он ҷумла 5 миллиону 460 ҳазору 504 ададшон, муштариёни фаъол мебошанд.