ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Тоҷикистон 100%-и корҳои сохтмонии CASA-1000-ро анҷом додааст, гуфт Ҷамшед Шоимзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ зимни нишасти матбуотӣ.
Ба гуфтаи ӯ, дар ояндаи наздик Тоҷикистон корҳои анҷомшударо ба шарикони рушд рӯнамоӣ хоҳад кард.
"Дар ҳудуди Тоҷикистон аллакай лоиҳа пурра анҷом дода шудааст ва моҳҳои сентябр-октябр барои шарикон дар нерӯгоҳи "Сангтуда" як сайёҳате барпо карда мешавад", - гуфт Ҷамшед Шоимзода.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамагуна лоиҳаи минтақавӣ хавфҳо дорад, вале ин тарҳ аз ҷиҳати технологӣ ҳатто дар ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ беназир аст.
Шоимзода гуфт, роҳандозии лоиҳаи CASA-1000 дар Покистон низ бо маром идома дорад, вале дар Афғонистон ин лоиҳа феълан ях бастааст.
" Ин лоиҳа бисёр хуб роҳандозӣ шуда буд, ва ҳатто дар ҳудуди Афғонистон низ тақрибан 45-50% корҳо анҷом шуданд. Вале, ба сабабҳои ба ҳамагон маълум ин лоиҳа аз ҷониби шарикони рушд боздошта шудааст ва феълан барои татбиқи ин тарҳ кор бурда мешавад", - гуфт ӯ.
Ба қавли ӯ, оид барои азсаргирии сохтмони CASA-1000 дар ҳудуди Афғонистон дар ояндаи наздик нишасте баргузор мешавад, ки дар он роҳҳои ҳарчӣ зудтар роҳандозӣ кардани лоиҳа баррасӣ мешавад.
Шоимзода таъкид кард, ки CASA-1000лоиҳа сирф тиҷоратӣ буда, ба ҳамаи кишварҳои аъзо фоида дорад.
Ин дар ҳолест, ки Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ахиран гуфт, ки қисмати тоҷикистонии ин хатти интиқоли барқ соли 2022 омода хоҳад шуд.
Ба гуфтаи вазири тоҷик, тарҳи CASA-1000 аз нигоҳи маблағгузорӣ, таҷҳизот ва сохтмон феълан дар сатҳе қарор дорад, ки ягон шубҳа дар амалишавияш нест ва чизе наметавонад монеаи он шавад. Ӯ афзуд, уҳдадориҳои кишварҳои иштирокдори ин тарҳ дар созишномаи генералӣ зикр шудаанд.
Бар асоси тарҳи CASA-1000, интизор меравад, аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистон ҳудуди ҳазор мегаватт ва ба Афғонистон ҳудуди сесад мегаватт нерӯи барқ содир шавад.