Ректори навтаъйин ба омӯзгорон дар Душанбе хона ваъда кард

Ректори навтаъйини Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба устодони ин муассисаи таълимӣ мукофотпулию манзили истиқоматӣ ваъда кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 июл - Sputnik. Дар кӯчаи Маяковскии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои 200 омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бинои истиқоматӣ бунёд хоҳад шуд.
Дар бораи ин тасмими раёсати ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, ректори ин муассиса Аҳлиддин Ибодуллозода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Маврид ба зикр аст, ки Ибодуллозода ба мақоми ректорӣ як моҳ қабл таъйин гардида, дар нахустин нишасти матбуотияш аз нақшаҳо суҳбат кард.
Ӯ изҳор доштааст, ки раёсати донишгоҳ барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа як қатор имтиёзҳоро пешбинӣ кардааст.
Баъд аз 26 соли зиндагӣ дар хобгоҳ омӯзгор соҳиби хона шуд
"Аз ҷумла, барои омӯзгороне, ки пеш аз муҳлат рисолаи номзадиро ҳимоя мекунанд, 10 ҳазор сомонӣ ва рисолаи докториро ҳимоя менамоянд, 15 ҳазор сомонӣ маблағ муайян гардидааст", - овардааст "Ховар" аз қавли ректор.
Вай афзудааст, барои омӯзгороне, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд, 200 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби раёсати донишгоҳ ҷудо мегардад.
Ба иттилои расмӣ, феълан дар донишгоҳ 906 нафар омӯзгор, аз ҷумла 284 нафар унвондор кор мекунанд. Таъкид шудааст, ки дар миёни омӯзгорон 37 нафар доктори илм ва 247 нафар номзади илм, 238 нафар муаллими калон ва 384 нафар ассистент мебошанд. Инчунин 163 нафар аз берун ба тадрис дар донишгоҳи мазкур ҷалб гардидаанд.