ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш хоҳад буд.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона то 20 дараҷа гарм, рӯзона то 33 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 5 то 10 дараҷа гарм ва рӯзона то 24 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона то 22 дараҷа гарм, рӯзона то 37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 13 ва рӯзона то 28 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон бошад ҳаво камабру бебориш хоҳад буд. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад.
Ҳаво дар водиҳо шабона то 26 дараҷа ва рӯзона то 41 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона то 20 дараҷа ва рӯзона то 34 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.
Ҳаво дар водиҳо шабона то 21 дараҷа ва рӯзона то 39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 18 дараҷа ва рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад.
Дар пойтахти кишвар низ ҳавои гарми бебориш дар назар аст. тибқи иттилои манбаъ ҳарорати ҳаво дар Душанбе то 35 дараҷа гарм хоҳад шуд.