ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Сар аз 11 июл интиқоли газ тавассути лӯлаи калидии газ аз Русия ба Аврупо - "Маҷрои шимол" қатъ карда шуд. Дар ин бора маълумотномаи оператори магистралии Nord Stream AG шаҳодат медиҳад.
Ба воситаи ду хатти турбинаи газ гузарондани сузишворӣ қатъ гардид. Чунин тадбирҳо барои нигоҳдорӣ ва санҷиши ҷузъҳои механикӣ ва системаҳои автоматика заруранд.
Тибқи нақша санҷиши техникии масири газ 10 рӯз - то 21 июл давом мекунад.
Ҳаҷми интицоли газ тариқи "Маҷрои шимол" рӯзи 10 июл ҳудуди 63,4 миллион метри мукаабро ташкил дод, ки ба сатҳи рӯзҳои қаблӣ баробар аст.
Ин тақрибан 40 фоизи иқтидори максималии трубинаи газро ташкил медихад. Он дар як шабонарӯз қариб 170 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки нимаи моҳи июн Газпром интиқоли сӯзишворӣ аз тариқи "Маҷрои Шимол"-ро тақрибан 60% коҳиш дод. Корхона ба газопровод хамагӣ 67 миллион метри мукааб газ медиҳад, ҳоле ки ҳаҷми пешбинишуда 167 миллион метри мукааб мебошад.
Ин ба таъхир дар кори ширкати олмонии Siemens аст, ки бинобар таҳримҳои Канада алайҳи Русия наметавонанд агрегатҳои компрессории газкашӣ барои истгоҳи "Портовая"-ро аз таъмир баргардонанд.
Кишварҳо маводи сӯхтро тавассути хаттӣ транзит, ки аз қаламрави Украина мегузарад, дарёфт хоҳанд кард. Дархост барои ба воситаи хаттӣ "Судза" гузарондани газ 41 миллион мукаабметр мебошад. Дар ин сатҳ, интиқол бо ин роҳ то охири моҳи май нигоҳ дошта мешавад.