Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Нерӯҳои иттиҳодӣ минтақаи дигарро дар Донетск озод карданд

Нерӯҳои милисаи мардумии Ҷумҳурии Халқии Луганск якҷоя бо низомиёни Русия минтақаҳои Ҷумҳурии Халқии Донетскро озод карда истодаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Низомиёни Русия ва нерӯҳои ҶХЛ деҳаи Богородичноеро дар қаламрави Донетск озод карданд, хабар дод ёвари вазири умури дохилии Луганск, Виталий Киселёв.
"Нерӯҳои иттиҳодӣ деҳаи Богородичноеро дар ҶХД озод карда, ташкили пойгоҳи қавӣ барои ҳамла ба Славянск идома дорад", - таъкид кардаст ӯ.
Ин дар ҳолест, ки аввали моҳи июл Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия ба президент Владимир Путин аз озодсозии Луганск гузориш дод.
Ба гуфтаи Шойгу, зимни амалиёти озодсозии Луганск нерӯҳои украинӣ ба муҳосира ва безарар гардонда шуда, бо гирифтани шаҳри Лисичанск озодсозии ҶХЛ поён ёфт.
Путин дар пайи шунидани гузориши Шойгу гуфт, воҳидҳое, ки фаъолона дар амалиёти ҷангӣ иштирок карданду муваффақ шуданд, пирӯзиро дар самти Луганск ба даст оварданд, бидуни шак бояд истироҳат кунанд.
Дар зимн вай барои сохтору воҳидҳои дигари низомӣ, аз ҷумла "Восток" ва "Запад" муҳим хонд, ки ҳадафҳои гузошташударо тибқи нақшаи қаблан тасдиқшуда иҷро намоянд.
Қаблан Денис Пушилин, роҳбари ҷумҳурии халқии Донетск, далели нисбатан оҳиста пеш рафтани амалиёти низомӣ дар ҶХД-ро ба талошҳо барои ҳифзи инфрасохтор ва шаҳрвандон рабт дод.
Хакерҳо шумори даҳшатбори кушташудагон дар артиши Украинаро гуфтанд: видео
"Чаро оҳистатар аз он, ки ҳама мехоҳанд, аз ҷумла мо? Чунки ин шаҳрҳои моянд, инфрасохтори мо ва аз ҳама муҳим шаҳрвандони мо мебошанд, ки дар бораи бехатарии онҳо бояд фикр кард", - изҳор дошт ӯ.
Вай афзуд, ки дар Луганск осонтару зудтар буд, чун деҳотҷой асту барои ҳариф истодагарӣ дар минтақаи кушод мушкил буд. Баръакси ҳолро дар шаҳрҳо, минтақаҳои саноатӣ метавон дид, ки бештар дар Донетск ҷойгиранд.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки 8 сол боз таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Вазорати дифои Русия мегӯяд, то охири моҳи март артиши кишвар вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро анҷом дод - он зарфияти ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дод. Ҳадафи асосӣ дар ин ниҳод озодкунии Донбасс номида шуд.