Хумпораҳои дақиқраси тӯпхонаҳои Русия дар Украина

Муноқишаҳои муосири ҳарбӣ торафт бештар технологӣ мешаванд ва короии лавозимоти дақиқраси ҷангиро малиёти махсуси низомӣ тасдиқ мекунад
Sputnik
Тӯпхонаи русӣ бо лавозимоти таҷдидшудаи "Краснопол", "Китолов" ва "Гран" мавқеъ ва ҳадафҳои душманро бештар муассир мезанад.
Нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар ҷараёни амалиёти ҷангӣ дар Донбасс аз тӯпҳои дақиқи "Краснопол", "Китолов" ва минаҳои роҳнамоии "Гран"-и дури дарозиашон то 30 километр, 13 километр ва 9 километра истифода мебаранд.
Ба гуфтаи як манбаъ дар мақомоти қудратӣ, дар амалиёти вижаи низомӣ, ин лавозимоти ҷангӣ барои нобудсозии бункерҳо, нуқтаҳои оташфишонӣ ва мошинҳои зиреҳпӯши Қувваҳои Мусаллаҳи Украина муассиранд.
Северск - ҳадафи аслии нерӯҳои эътилофӣ
Вазорати дифои Русия борҳо наворҳои мониторинги объективии тахриби иншооти гуногуни низомии артиши украина аз ҷониби лавозимоти ҷангии "Краснопол"-ро намоиш додааст.
Дар яке аз наворҳо тӯпхонаи худгарди НАТО DANA аз зарбаи мустақим пора-пора мешавад. На ҳама зарбаҳои дақиқ оммавӣ мешаванд, аммо душман онҳоро ҳар рӯз қабул мекунад.
Муҳимоти "Краснопол", "Китолов" ва "Гран" бо системам самарабахштарини нимфаъоли роҳнамои лазерии ҳамаи системаҳои мавҷуда мусаллах буда, дар интеграционй бо конструк-тори лазерии оптикие, ки дар болои самолёти "Орлан" васл карда шудааст, кор мекунанд.
Вақте ки хумпора ба ҳадаф наздик мешавад, макони зарба тавассути тавассути системаҳои аэродинамикӣ дақиқ карда мешавад. Бо восиҳтаҳои мудофиаи ҳавоӣ ё ҷанги электронӣ аз пешгирии зарбаи тӯпхона қариб номумкин аст.
Бар хилофи сохтаҳои НАТО, аз қабили Excalibur, мушакҳои идорашавандаи Русия қодиранд ба ҳадафҳои ҳаракаткунанда (бо суръати то 36 км дар як соат) зарба зананд.
Раҳнамоии моҳвораӣ (бо истифода аз сигналҳои GPS) снарядҳои дақиқи НАТО имкон медиҳад, ки танҳо кам вазифаҳое боэътимод ҳал карда шаванд ва дар шароити муқовимати электронӣ (EW) зарба задан ба ҳадаф ғайривоқеӣ мегардад.
Ҳангоми шиллики Excalibur усули "парронд - фаромӯш кард", яъне зуд тағйир додани мавқеи оташкушоӣ имкон надорад.
Системаҳои мушакии соҳилии "Бал" ва "Бастион" бар зидди "Harpoon", "Exocet" ва NSM
Технологияи истифодаи ҷангии хумпораҳои дақиқи баланди тарканда дар ҷараёни амалиёти низомии Русия дар Сурия бомуваффақият таҳия карда шуд - дар авоили соли 2018 зарбаи "Краснопол" як анбори ҳавопаймоҳои бесарнишинро, ки террористон барои ҳамла ба пойгоҳи ҳавоии Хмеймим истифода мекарданд, нобуд кард.
Қаблан "Краснопол" дар Афғонистон дида мешуд, ки дар он ҷо нирӯҳои НАТО аз хумпораҳои русӣ алайҳи ҷангиёни исломӣ истифода кардаанд. Ҳарчанд низомиёни конодоӣ интихоби истифодаи M982 Excalibur-и худро доштанд, ки ба масофаи то 60 км зарба мезанад, аммо бинобар то 155-мм дақиқияти бештар аз "Краснопол" истифода мекарданд.
Истифодабарии лавозимоти ҳарбии дақиқ имконият медиҳад, ки муҳлати кор, миқдори тӯпҳо ду-се баробар ва хароҷоти иҷрои супоришҳо кам карда шавад. Дақиқияти зарбаро "Краснопол" то 96 фоиз кафолат медиҳад.
Мувофиқи ҷадвалҳои ҳисобу китоб барои пахш кардани як взвод 800 хумпораи муқаррарии тӯпхона лозим аст, ки онро ҳамагӣ 10 тири "Краснопол" иваз карда метавонанд.
Сохти таҷдидии хумпораи "Краснопол-М2" масофаи то 30 км, кулоҳаки ҷангӣ то 26 килограмм ва вазни тарканда то 11 кило дорад, ки чунин имконот дар Excalibur- НАТО дида намешавад.
Камбуди дигари силоҳи НАТО қимати баланди снаряд, ҳудуди 70 ҳазор доллар аст. Тибқи меъёри "арзиш - самаранокӣ", лавозимоти ҷангии ислоҳшудаи Русия ба таври назаррас пеш аст.
Барои тирандозии дақиқи тӯпхонаӣ, артиши Русия инчунин хумпораҳои фугасии дақиқипарвоз аз оилаи "Китолов"-ҳо бо дороии калибри 122 мм (тупҳои худгарди "Гвоздика") ва 120 мм (тупҳои худгарди "Нона" ва "Нона-СВК") истифода мебарад.
Шеваи кори “Красуха-4С” дар Украина
Пешрафтатарин навъи "Китолов-2М" бо масофаи то 13500 метр буда, имкон медиҳад, ки ба мошинҳои зиреҳпӯш (дар ҳаракат бо суръати то 40 км дар як соат), истеҳкомҳо, гузаргоҳҳо ва пулҳо, киштиҳои низомӣ зарба занед.
Ба ғайр аз гулулаҳои тӯпхонаӣ, мини ҳидоятшавандаи КМ-8 Гран дар пойгоҳи технологии "Китолов" ҷойгир карда шуд. Барои тирандозӣ аз миномётҳои 120 мм пешбинӣ шудааст. Масофаи болоии ҳадаф 9 км аст, ки ин нишондиҳандаи барҷаста барои миномётҳо мебошад.
Албатта, барои тамоми хатти муҳимоти ҳарбии идорашавандаи дақиқ, эҷоди васоили эллектроник, ки тавонад бори шилликро таҳмил кунад, бисёр душвор буд.
Таҷдиди технологии силоҳи сангин идома дорад.
Барои нест кардани ҳадафҳо бо лавозимоти тӯпхонаи муосир, координатҳо ҳанӯз лозиманд, нӯри лазерӣ ба шумо имкон медиҳад, ки масири партобро дар бахши ниҳоӣ танзим кунед.
Аз ин рӯ, нақши воситахои техникии иктишофӣ ва "равшаноӣ" дар майдони ҷанг мунтазам меафзояд.
Ба канали шореҳи низомӣ Александр Хроленко дар Telegram обуна шавед.