Ҳалокати 9 нафар бар асари обхезӣ дар Афғонистон

Мақомоти маҳаллӣ дар шарқи Афғонистон аз тахриби садҳо гектар майдони кишт бо зироат ва талафоти ҷонӣ бар асари обхезии шадид хабар доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Ҳадди ақал 9 нафар дар вилояти Нуристон дар шарқи Афғонистон бар асари обхезӣ ба ҳалокат расидаанд.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба мақомоти маҳаллӣ хабар дода, илова намудааст, ки ҳамчунин гуруҳе аз сокинон дар минтақа маҷруҳ шудаанд.
"Камаш 9 нафар ба ҳалокат расида, ҳамчунин 9 нафари дигар дар пайи обхезӣ дар ноҳияи Кордари ҳавзаи Вама маҷруҳ шудаанд", - омадааст дар иттилоияи мақомоти маҳаллӣ.
Таъкид шудааст, ки садҳо гектар кишти замин нобуд карда шуда, яке аз пулҳо дар минтақа низ тахриб гардидааст.
Ин нахустин фоҷиаи табиӣ тайи моҳҳои охир набуда, охири июн низ дар Афғонистон замиларзаи шадиди маргбор ба қайд гирифта шуд.
Оқибати заминларзаи мудҳиш дар Эрон - видео
Заминҷунбӣ дар ҷанубу шарқи Афғонистон ва бахшҳое аз Покистон бо иқтидори беш аз 6 дараҷа рух дод. Марказҳои зилзиласанҷӣ гуфтанд, мақари аслии ларзиши замин дар 44-километрии шаҳри Хуст ва дар умқи 51-километрии замин рух додааст.
Бар асари ин офати табиӣ беш аз ҳазор нафар сокинони Пактико ва Хусти Афғонистон кушта шуда, ҳамчунин зиёда аз 1,5 ҳазор нафар ҷароҳатдор шуданд.
Дар натиҷаи ин фоҷиа мақомоти Афғонистон аз ҳамаи ожонсҳои имдодӣ ва кишварҳои хориҷӣ дар рафъи оқибатҳои табиӣ кумак хоста буданд. Русия омодагияшро барои кумак ба Афғонистон дар рафъи оқибатҳои табиӣ баён дошта буд.