Беш аз 250 ҳазор мусалмон дар масоҷиди Маскав намоз гузоштанд

Зиёда аз дусад ҳазор мусалмон барои гузоштани намози Иди Қурбон ба масҷидҳои Маскав омаданд. Дар вилояти Маскав теъдоди онҳо камтар буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Бештар аз чоряк миллион нафар мусулмонон ба масҷидҳои пойтахт ва зиёда аз 150 ҳазор нафар дар масоҷиди вилояти назди Маскав намози ид гузоштанд.
Дар ин бора муовини раиси Идораи динии мусалмонони Русия Рушан Аббясов хабар дод.
"Тибқи маълумоти идораи пулиси Маскав, беш аз 250 000 пайрави дини ислом ба масҷидҳои Маскав ва манотиқи наздик, ки дар ин рӯзҳо ҳамчун макони намозгузории муваққатӣ истифода мешаванд, омадаанд. Дар вилояти Маскав ин рақам аз 150 ҳазор нафар гузаштааст", - гуфт Аббясов.
Гуфта мешавад, ки ташкили намоиз Ид дар сатҳи баланд баргузор шудаааст.
Владимир Путин мусулмонони Русияро бо Иди Қурбон табрик гуфт
"Мо ба кормандони пулис, мақомоти шаҳру вилояти Маскав, ҳазорон ихтиёриён барои кори бузурги анҷомдода изҳори сипос мекунем", - гуфт муовини раиси Идораи рӯҳонии мусалмонони Федератсияи Русия.
Иди Қурбон-2022: тартиби баргузории ҷашн
Иди Қурбон яке аз ду иди мусалмонон аст, ки ҳар сол рӯзи 10-уми зулҳиҷҷа фаро мерасад. Маъмулан Иди Қурбон пас аз 70 рӯзи Иди Рамазон фаро мерасад. Имсол ин ид ба рӯзи 9-уми июл рост омад.
Дар Иди Азҳо ё Қурбон мусалмонон чорвоеро қурбонӣ мекунанд.