ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Миллиардер Илон Маск ба Twitter хабар дод, ки мувофиқи номаи намояндаи ӯ ба ширкат аз созишномаи хариди платформа даст мекашад.
Тавре ки дар ҳуҷҷати паҳншуда омадааст, соҳибкор аз ҳуқуқи худ оид ба "қатъ кардани шартномаи якҷояшавӣ ва даст кашидан аз муомилоти пешбининамудаи он" истифода мебарад. Ин нома як огоҳии расмӣ аст, таъкид карданд намояндагони соҳибкор.
"Ҷаноби Маск асос дорад, ки бовар кунад, ки шумораи воқеии аккаунтҳои қалбакӣ ё спам дар Twitter назар ба гузориши шабакаи иҷтимоӣ "камтар аз панҷ дарсад" ба маротиб бештар аст", - гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.
Ба гуфтаи муаллифони нома, ин рақам "ба таври ҷиддӣ кам арзёбӣ мешавад".
Намояндагони соҳибкор илова карданд, ки норозигии миллиардер инчунин аз сиёсати кадрии ширкат, ихтисороти ахир ва тасмим дар бораи боздоштани кор сабаб шудааст.
Инчунин хабар дода мешавад, ки роҳбарияти платформа ҳангоми бастани созиш Маскро гумроҳ кардааст ва баъдан "Twitter маълумот пешниҳод карда натавонист ё худдорӣ кfhl".
Ба гуфтаи намояндагони ин соҳибкор, дар шабакаи иҷтимоӣ дар бораи раванди тафтиши спам ва аккаунтҳои қалбакӣ, масдуд кардани онҳо маълумот дода нашудааст. Илова бар ин, Маск аз маводи пешниҳодшуда дар бораи вазъи молиявии ширкат қаноатманд нест, гуфта мешавад дар нома.
Маск қаблан барои Твиттер 44 миллиард доллар пешниҳод карда буд, аммо тақозо кард, ки маълумоти ширкатро, ки гуфта мешуд, шумори аккаунтҳои "қалбакӣ", аз ҷумла барои ирсоли спам истифода мешавад, аз панҷ дарсад зиёд нест тафтиш кунанд.