Видеои лаҳзаи тирпарронӣ сӯйи Абэ: нахуствазири пешин дар чӣ ҳол асту ҳамлагар кист?

Ҳамлагар, ки дар ҷойи ҳодиса боздошт шудааст, як низомии собиқ буда, далели қасд ба ҷони кардани нахуствазири пешини Ҷопон карданашро норозигӣ аз сиёсати ӯ гуфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Шабакаи телевизионии NHK видеои лаҳзаи ҳамла ба собиқ сарвазири Ҷопон, Синдзо Абэро нашр кардааст, хабар дод РИА "Новости".
Ба иттилои манбаъ, ҳамлагар ду бор тир холӣ кардааст ва сиёсатмадор дар пайи тири дуюм аз пой афтидааст.
Ҳамла тақрибан соати 11:30 бо вақти маҳаллӣ зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Нара рух додааст. Собиқ сарвазирро дар беморхонаи Донишгоҳи Нара бистарӣ кардаанд, ҳолаташ вазнин арзёбӣ мешавад, "дилу шушҳо" аз кор мондаанд.
Хабаргузории "Киодо" бо такя ба хадамоти изтирории шаҳри Нара изҳор доштааст, ки Абэ ҳеч осори ҳаётро зоҳир накарда истодааст.
Дар мавриди ҳамлагар зикр шудааст, ки ӯ сокини 41-солаи маҳаллӣ Тесуя Ямагами мебошад, ки дар гузашта дар нерӯҳои дарёии мудофиаи Ҷопон кор кардааст. Ӯ бо иттиҳоми сӯиқасд ба куштор боздошт шуда, дар бозпурсиҳои аввал сабаби ин корашро норозигӣ аз сиёсати Абэ хондааст.
Ин дар ҳолест, ки Ҷопон дар арафаи интихобот ба палатаи болоии парлумон қарор дорад, ки 10 июл барпо мегардад ва феълан маъракаи пешазинтихоботӣ давом дорад.
Сарвазири собиқ Абэ дар ҷараёни суханронии худ яке аз номзадҳои Ҳизби либерал демократиро дастгирӣ кард. Вай ба бузургтарин фраксияи ҳизби ҳоким роҳбарӣ мекунад ва аз нуфузи бузурги сиёсӣ бархурдор аст.
Пас аз ҳамла ба сиёсатмадори шинохта, сардори ҳозираи ҳукумат Фумио Кишида сафари пешазинтихоботии худро қатъ карда, ба Токио баргаштааст.