Намояндагони Русия ва Тоҷикистон амнияти Афғонистонро баррасӣ карданд

Намояндагони вазоратҳои Русия ва Тоҷикистон ба мушкилоти минтақаӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Муовини вазири хориҷаи Русия Андрей Руденко дар Маскав бо ҳамтои тоҷикаш Содиқ Имомӣ мулоқот кардааст.
Дар ин бора дар Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар доданд.
Вазорат таъкид кард, ки гуфтушунид "дар фазои анъанавии гарм ва эътимод" гузашт.
Андрей Руденко ва Содиқ Имомӣ доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба табодули афкор намудаанд.
Намояндагони вазоратҳои Русия ва Тоҷикистон ба мушкилоти минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон таваҷҷуҳ кардаанд.
Вазорати хориҷаи Русия ҷузъиёти дигари мулоқотро ироа намекунад.
Русия ба Тоҷикистон дар таҳкими амнияти марз кумак хоҳад кард
Қаблан Руденко гуфта буд, ки вазъ дар Афғонистон ором нест. Ба гуфтаи вай, Федератсияи Русия дар оянда низ ба Осиёи Марказӣ кумак хоҳад кард.
"Мо ба ин кишварҳо аз ҷиҳати низомӣ кумак мекунем, амнияти марзҳоро таҳким медиҳем ва дар чорчӯби СПАД ёрь мерасонем", - шарҳ дод ӯ.
Новобаста аз он, ки мушкилот вуҷуд доранд, дар ҳоли ҳозир мешавад онҳоро боздошт, бовар дорад, муъовини вазири хориҷаи Русия.
Ёдовар мешавем, ки бо ба сари қудрат омадани толибон Афғонистонро буҳрони ҷиддии башардӯстона фаро гирифт.
Толибон: Унвони “муттаҳиди аслии ғайри НАТО” ба Афғонистон манфиате надошт
Бар асари яхбандии дороиҳои хориҷӣ, кишвар қариб бепул монд ва рафтани оммавии мутахассисон боиси таназзули ҳамаи соҳаҳо гардид.
Вазъияти иктисодии Афгонистон бо суръати тез бад мешавад: нархи озуқа ва сузишворӣ баланд мешавад, садҳо ҳазор одамон аз кор маҳрум шуданд, фаъолияти молиявӣ дар кишвар хеле паст шуд.