Киштии мусаллаҳ бо "Посейдон"-ҳо рӯйи кор меояд

Киштии зериобии таъйиноти махсуси мусаллаҳ бо мушакҳои болдор барои нест кардани пойгоҳҳои баҳрӣ ва инфрасохтори соҳилии рақиб пешбинӣ шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Нахустин киштии зериобии таъйиноти махсуси "Белгород" ба ихтиёри нерӯҳои низомии дарёии Русия супорида шуд.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба корхонаи "Севмаш" хабар дод. Маҳз корхонаи мазкур киштии таъйиноти махсуси зериобиро сохтааст.
"Дар корхонаи бузургтарини киштисозии Русия - "Севмаш" санади қабулу супоридани киштии зериобии таҳқиқотии "Белгород" имзо шуд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки "Белгород" бо "Посейдон"-ҳо мусаллаҳ мебошад. Мошини зериобии "Посейдон", торпедои ҳастаӣ, ки барои нест кардани пойгоҳҳои баҳрӣ ва инфрасохтор дар соҳили душман пешбинӣ шудааст, идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан аз иқтидори мушаки зиддикиштии "Сиркон" хабар дода шуд, ки ба иттилои мутахассисон низоми боздорандаи он вуҷуд надорад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Нобудсозии ду "Harpoon"-и бритониёӣ дар Украина
"Флотҳои кишварҳои ғарбӣ ҳанӯз системаҳои дифоъи зиддиҳавоӣ надоранд, ки қодир ба гирифтани "Сиркон" бошанд", - изҳор дошта буд, қаблан Игор Коротченко, директори Маркази таҳлили тиҷорати байналмилалии аслиҳа.
Аксари хусусиятҳои тактикӣ ва техникии мушаки болдор махфӣ мебошад, аммо он чизе, ки маълум аст, ин ки суръаташ рекордӣ мебошад. Метавонад зиёда аз даҳ ҳазор километр дар як соат, ҳаракат кунад. Парвоз дар қисмати роҳпаймоӣ - дар баландии 30-40 километр сурат мегирад, ки дар он ҷо муқовимати ҳаво паст аст. Вазни кулоҳаки ҷангӣ тақрибан 450 килоро ташкил медиҳад.