Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни палатаҳои савдо ва саноати Хатлону Урал

Мақомоти палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо ҳамтоёни худ аз Урали Русия бо мақсади тавсеаи ҳамкорӣ ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Дар доираи намоишгоҳи байналмилалии саноатӣ "ИННОПРОМ", ки имрӯзҳо дар шаҳри Екатеринбурги вилояти Свердловски Русия баргузор мешавад, ҳайати вилояти Хатлон бо роҳбарии муовини раиси вилоят Сулаймонзода Акрам Раҳим бо Беседин Андрей, президенти Палатаи савдо ва саноати Урал дидору мулоқот кардааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон.
Тибқи иттилои манбаъ, дар рафти мулоқот Беседин Андрей имкониятҳои сармоягузории вилояти Свердловскро муаррифӣ намуда, омодагии хешро барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба бо Палатаи савдо ва саноат дар вилояти Хатлон иброз намудааст.
Дар навбати худ, ҷониби Тоҷикистон барои иштирокчиёни вохӯрӣ имкониятҳои сармоягузории вилояти Хатлон муаррифӣ кард.
“Дар поёни дидор бо мақсади тавсеаи ҳамкориҳо, ёддошти тафаҳум байни Палатаи савдо ва саноат дар вилояти Хатлон ва Палатаи савдо ва саноати Урал ба имзо расонида шуд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамзамон дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон хабар додааст, ки дар идомаи сафари корӣ ҳайати вилояти Хатлон бо роҳбари Фонди дастгирии соҳибкории вилояти Свердловск мулоқот кардааст.
Тоҷикистон қасд дорад, содироти сабзавотро ба вилояти Свердловск афзоиш диҳад
Дар рафти мулоқот масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамокриҳо байни соҳибкорони ду вилоят, таҷрибаомӯзӣ ва анҷом додани сафарҳои корӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта шуданд.
Қайд карда шудааст, ки муовини раиси вилояти Хатлон бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан аз имкониятҳои вилоят, Роҳбари Фонд ва соҳибкорони вилояти Свердловскро ба вилояти Хатлон даъват кардааст.
Қобили зикр аст ин ҳайат аз Тоҷикистон ба намоишгоҳи байналмилалии саноатии "Иннопром", ки аз 4 то 7 июл дар Екатеринбург доир шуда буд, рафтанд, то имконоти кишварро муаррифӣ кунанд.