Гутерреш хостори баргардонидани маҳсулоти Русия ба бозори ҷаҳонӣ шуд

Дабири кулли СММ хостори баргардонидани маҳсулоти Русия ва Украина ба бозори ҷаҳонӣ шуд. Ӯ ҳамчунин уҳдадориҳои кишварҳои сарватмандро ба ёдашон овард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Маҳсулоти Украина ва Русия ва инчунин нуриҳои Русия бояд ба бозорҳои ҷаҳонӣ баргардонида шаванд, гуфт дабири кулли СММ Антониу Гутерреш дар паёми видеоии худ ба аъзои Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои G20 дар Индонезия.
Матни гузориши ӯро хадамоти матбуоти СММ паҳн кардааст.
Ба эътиқоди ӯ, низоъ дар Украина буҳронҳои дигарро шадидтар мекунад ва таҳдид мекунад, ки дар саросари ҷаҳон харобиҳои иҷтимоӣ ва иқтисодиро ба бор орад. Тавре дабири кулл қайд кард, нархи маводи ғизоӣ дар сатҳи рекордӣ қарор дорад, нархи нуриҳо беш аз ду баробар боло рафтааст.
"Имсол дар бисёр ҷойҳо хатари воқеии гуруснагӣ вуҷуд дорад. Соли оянда вазъ шояд аз ин ҳам бадтар шавад", - гуфт дабири кулл.
Вай аз вазирони хориҷаи G20 даъват кард, ки барои таъмини субот дар бозорҳои ҷаҳонии ғизо ва энержӣ ва пуштибонии иқтисодҳои дар ҳоли рушд ҳамкорӣ кунанд.
"Маҳсулоти ғизоии Украина ва ҳамчунин ғизо ва нуриҳои тавлидшуда дар Русия бояд ба бозорҳои ҷаҳонӣ баргардонида шаванд", - гуфт Гутерреш ва қайд кард, ки СММ дар рӯи нақшае кор мекунад, ки ба содироти бехатари маҳсулоти ғизоии сохти Украина тавассути Баҳри Сиёҳ имкон медиҳад ва дастрасии бемамониат ба бозорҳои ҷаҳонии ғизо ва нуриҳои Русияро таъмин кунад.
ИМА аз таҳримҳои ҷорикардааш ранҷ мебарад: Антонов роҳи раҳоиро нишон дод
Илова бар ин, дабири кулл дар суханронии худ бори дигар ба мушкили тағйири иқлим дахл карда, аз вазирони корҳои хориҷӣ даъват кардааст, ки нагузоранд, то дараҷаи гармшавӣ аз 1,5 дараҷа гузарад.
Гутерреш аз вазирон даъват кард, ки ба ҳадафи коҳиши партоби газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон то соли 2030 то 45% поинтар аз сатҳи соли 2010 бирасанд.
Вай ҳамчунин аз тааҳҳуди кишварҳои сарватманд барои ҷудо кардани 100 миллиард доллар барои мубориза бо тағйири иқлим дар кишварҳои фақир ёдовар шуд.
Песков: ИМА бояд фикр кунад, ки ба миллионҳо одамони гурусна чӣ бигӯяд
Дабири кулл ҳамчунин аз зарурати кумаки иқтисодӣ ба кишварҳои фақир сухан гуфт.
"Архитектураи қарзи байналмиллалӣ ислоҳоти фаврӣ талаб мекунад. Мо ба низоми оператсионии рафъи қарз ва таҷдиди сохтори қарз (қарз - шарҳ аз идора.), бо назардошти осебпазириҳо ниёз дорем. Мо ҳамчунин бояд тағйирот дар рейтинги кредитӣ ва додани ҳуқуқи махсуси қарзро баррасӣ кунем", - гуфт ӯ.
Гутерреш гуфт, ки шумори кишварҳое, ки дар онҳо ваксинаҳои зидди COVID-19 тавлид мешаванд, бояд тавассути табодули литсензияҳо ва кумаки фаннӣ ва молӣ афзоиш ёбад.