Чаро Ғарб "мутаваҷҷеҳ"-и бозори сиёҳи силоҳи НАТО дар Украина шуд?

Силсилаи матолиби ифшокунанда дар бораи тиҷорати Украина бо аслиҳаи НАТО "таҷалӣ"-и ногаҳонии Ғарб нест, балки далели коҳиши кумаки низомӣ ба Киев аст
Sputnik
Кишварҳои НАТО дар ҷараёни амалиёти вижаи Русия ба бесамар будани таҳримҳо ва бефоида будани ленд-лиз итминон ҳосил карданд.
Кӯмаки саховатмандонаи низомии Ғарб ба режими Киев ҳадафи мушаххас дорад - заиф кардани Русия дар ҷанг "то охирин украинӣ".
Агар набардҳо ба ин ҳадаф ноил нашаванд, Федератсияи Русия қудрати низомӣ ва муваффақият нишон медиҳад, қаламрави ҳарчи бештари Украинаро назорат мекунад, ки ин ба маънии сарфи миллиардҳои доллар аз тарафи Ғарб аст. Иёлоти Муттаҳида ва НАТО ин гуна хайр нахоҳанд кард. Қарз ва маблағгузории қувваҳои мусаллаҳи Украина аз ҷониби шарикон ногузир коҳиш хоҳад ёфт. Баҳонаи асоснок ҳамеша дар даст ҳаст.
Сомонаи "Bulgarian Military" рӯзи 5 июл хабар дод, низомиёни фасодзадаи украинӣ ду гаубитсаи худгарди CEESAR-и фаронсавии 155 мм-ро ба ҷониби Русия ба маблағи 240 000 доллар, ки арзиши аслии онҳо тақрибан 14 миллион доллар аст, фурӯхтаанд. Гуё мутахассисони "Уралвагонзавод" аллакай онро ба қисматҳо ҷудо кардаанд.
Патрушев: Амалиёти НАТО амнияти Аврупоро халалдор мекунад
Сомонаи "Bulgarian Military" инчунин нақшаи фурӯши Украинаро ошкор кардааст, ки гуфта мешавад, як воҳид системаи зиддитанкии “Javelin” 30 000 доллар нархгузорӣ шудааст. Ҳол он ки ин қимат аз харҷи як мушак барои артиши ИМА 6 баробар арзонтар аст. Тамоми маҷмааи “Javelin” тақрибан 470 000 доллар арзиш дорад.
Нашрияи "Шукан гендай" ҳушдори раиси пешини истихбороти иқтисодии Ҷопонро дарҷ кардааст: "Украина, ки бо силоҳҳои Амрико ва Ғарб таъмин мешавад, пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ як пойгоҳи тиҷорати ғайриқонунии силоҳ буд". Имрӯз, ки НАТО режими Киевро бо силоҳ таъмин менамояд, он силоҳҳо аз тариқи як маҷрои "сиёҳ" дар саросари ҷаҳон паҳн шуда, ба дасти террористон ва ҷинояткорон мерасанд ва ин ҳам ба далели фасоду анархияи комил дар Украина рух медиҳад.
Сухан дар бораи ҳазорҳо “Stinger” ва “Javelin”-и беназорат, садҳо паҳподи “Switchblade” ва “Phoenix Ghost”-у дигар маҷмуаҳои пешрафтаи хатарнок меравад.
Рӯзномаи "Вашингтон пост" навиштааст:

"Вуруди силоҳи қобили мулоҳиза ба Украина нигарониҳо дар бораи қочоқи аслиҳаро ба вуҷуд меорад".

Силоҳҳои ғарбӣ ва умуман ҳама гуна аслиҳа дар Украина аксари вақт "гум" мешаванд, ки онҳо бо кишварҳои Осиё ва Африқо фурӯхта мешаванд.
Яке аз раҳбарони низомии Фаронса пайомадҳои номатлуби сер шудани Украина аз аслиҳаи ғарбиро пешгӯӣ кард буд: "Вақте ки бонкҳоро бо “Javelin” ғорат мекунанд, мо хушнуд нахоҳем шуд".

Интерпол ҷангро дар Балкан пешгӯӣ мекунад

Системаи фурӯши аслиҳа ва лавозимоти ҷангии "зиёдатӣ" ба кишварҳои Осиё ва Африқо дар Украина дар авоили солҳои 1990 таъсис ёфтааст. Ғоратгарии бемаънӣ дар қувваҳои мусаллаҳи Украина ҳамчун як пойгоҳи ғизоӣ барои чанд гурӯҳ хидмат мекард, ки ин набояд барои ИМА ва НАТО махфӣ боқӣ монда бошад.
Таҳлилгари Пентагон Карен Квятковски қайд кард, ки "экспорт"-и аслиҳаи ғарбӣ аз ҷониби Киев дар бозори сиёҳ аз аввал пешгӯӣ шуда буд, зеро қувваҳои мусаллаҳи Украина омода нестанд, ки силоҳҳои НАТО-ро ба таври васеъ истифода баранд ва наметавонанд онро ба стратегияи худ ворид кунанд.
Ҳодисаҳои фурӯши дубораи аслиҳаи НАТО аз ҷониби Украина дар солҳои 2015-2016 ва дар тамоми давраи ҳаштсолаи ҷанг дар Донбасс сабт шудаанд.
Вазъияте, ки имрӯз дар Украина ба вуҷуд омадааст, ба далели хусуматҳо дар як қаламрави бузург ва шумораи зиёде аз воҳидҳои гуногуни низомӣ бо хатҳои алоҳидаи логистикӣ қобили контроли хориҷӣ нест. Ҷанг ҳама чизро аз байн мебарад.
Наметавон ба таври қатъӣ донист, ки дар ҷанг чӣ қадар аслиҳа истифода ё гум ва чӣ қадар аз он ба сифати "изофӣ" фурухта шудааст. Тафтишоти ХАУ ба чанд эпизоди фурӯши силоҳи муосири ғарбӣ, аз ҷумла тавассути каналҳои РҶУ иртибот дорад. Даҳ парвандаи ҷиноие, ки дар Украина аз рӯйи далелҳои бозфурӯшӣ боз шудааст, низомро тағйир намедиҳад.
Интерпол қайд мекунад: "Дар миёни зархаридони хориҷӣ, ки дар Украина ҷамъ омадаанд, аъзои созмонҳои мофиёӣ низ ҳастанд. Ин хатари ҷиддии густариши силоҳҳои муосир дар саросари ҷаҳонро ба вуҷуд меорад".
Ба гуфтаи ин созмон, дар моҳҳои ахир дар бозори сиёҳи Украина то 300 000 аслиҳа фурӯхта шудааст. Дабири кулли Интерпол Юрген Сток "шубҳа" надорад, ки муноқишаи Украина қочоқи силоҳ дар Балкан ва маёдини ҷангии Африқоро афзоиш хоҳад дод.
Зери таъсири қарзи ИМА ва "маҷрои оҳанин"-и Украина, ки назоратнашаванда аст, Аврупо метавонад ба минтақаи ҷанги доимӣ табдил ёбад. Бозтавзеи силоҳ доираҳои нуфузи кланҳои ҷиноии байналмилалӣ, ҷангҳои мофиёӣ бо истифода аз “Стингер” ва “Ҷавелин”-ро эҳтимол тавсеа диҳад. Фаъолияти террористӣ метавонад ба сатҳи сифатан нави трансконтиненталӣ расад.
Кишварҳои НАТО ҳанӯз дарк накардаанд, ки дар натиҷаи пуштибонӣ аз амалиёти низомии режими Киев чӣ воқеият ба даст овардаанд. Полковник Дуглас МакГрегор, мушовири собиқи вазири дифои ИМА гуфтааст, ба далели сиёсати зиддирусӣ ва бепарвоёнаи Ғарб Украина метавонад аз харитаи ҷаҳон нобуд шавад. Ва ин таҳдиди асосӣ нест.
Песков дар бораи интиқоли силоҳ аз Амрико ба Киев гуфт
Тайи чаҳор моҳи амалиёти вижаи Русия тақрибан тамоми техникаи низомии қувваҳои мусаллаҳи Украина - ҳазорон танку зиреҳпӯш, тӯпхона, ҳавопаймоҳо ва чархболҳо нобуд карда шуданд. Артиши Украина сарнавишти давлатдории Украинаро инъикос мекунад.
Ёдовар мешавам, ки Киев аз ИҶШС то 8000 танк, 10000 мошини ҷангӣ, 20000 адад тӯпхона, зиёда аз 1100 ҳавопаймои ҷангӣ ва 400 чархбол, садҳо киштии Флоти баҳри Сиёҳро мерос гирифтааст.
Қисми зиёди ин арсенал дар давоми 15 соли аввали истиқлоли он ба мамлакатҳои Осиё ва Африка зуд фурухта шуд. Дар баробари ин корхонаҳои саноати мудофиавии Украина ҳатто истеҳсоли патронҳо барои яроқи тирандози шӯравиро аз худ накардаанд.
Сипас дар Киев онҳо кӯшиш карданд, ки соҳибихтиёрии давлат ва дар айни замон Русияи ҳамсояро ба фоидаи худ фурӯшанд. Нуқтаи бозгашт ба ҳамсоягии неки соли 1991 гузашт, беҳтар аст, ки ИМА ва Аврупо ба хатои ба ин монанд (ҳалокатовар) дигар роҳ надиҳанд.
Вақте ки Украина аз Ғарб силоҳи вазнини технологӣ илтиҷо мекунад, ҳама мефаҳманд, ки қувваҳои мусаллаҳи Украина ба амалиёт омода нестанд ва мутахассисони НАТО бояд ҳамроҳ бо таҷҳизоти низомӣ "таҳвил" шаванд.
Ин стратегия калиди зинда мондани режими Киев ва таҳдиди ҷиддӣ ба худи мавҷудияти Эътилофи Атлантикаи Шимолӣ мебошад. Бозии геополитикӣ барои кӯмак ба Украина тадриҷан ба амалиёти низомии мустақим ва густурдаи ИМА ва НАТО бо Русия табдил меёбад.
Огоҳии мустақими Маскав дар бораи эҳтимоли ҳамла ба "марказҳои тасмимгирӣ" пеш аз ҳама ба Вашингтон, Брюссел, Берлин, Варшава ва Лондон дахл дорад. Биёед, ҳадс назанем, ки "Ханҷар" ё чизи дигари мутақоидкунандатаре боз ба куҷо исобат хоҳад кард.
Ба канали коршиноси низомӣ Александр Хроленко дар "Telegram" пайвандед.