ДУШАНБЕ, 7 июл – Sputnik. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мавориди мубтало шудани кӯдаконро ба бемории обилаи ҳамдуна ва ё сурхакони маймун сабт кардааст.
Дар ин бора Розамунд Люис, роҳбари Котиботи мубориза бо бемории обила дар Барномаи ҳолатҳои фавқулодаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт зимни як нишаст хабар дод.
"Ҳолатҳои сироят шудани кӯдакон аллакай сабт гардиданд. Ҳоло тақрибан сеяки онҳо дар кӯдакони то 10 сола ва нисфи дигари ҳолатҳо дар кӯдакони то панҷсола ба қайд гирифта шудааст", - афзудааст Люис.
Вай афзуд, ки гузариши маймун дар байни беморони 18-19-сола то ҳол кушода аст, аммо эҳтимол дорад, кӯдакони хурдсол тавассути "таъсири шароити хона" сироят ёбад.
Вақтҳои охир дар 58 кишвари ҷаҳон беш аз 6 ҳазор мавриди гирифторӣ ба маризии обилаи ҳамдуна ошкор шудааст, дар ҳоле ки роҳҳои паҳншавии сироят барои мутахассисон комилан рӯшан нест.
Дар охири моҳи июн як кумитаи СҶБ эълом кард, ки хуруҷи обилаи маймун як ҳолати изтирории тандурустии ҷамъиятии мавриди таваҷҷӯҳи байналмилалӣ нест.
Ҳамзамон, кумита "ҳолати изтирорӣ"-и хуруҷи ин бемориро эътироф карда, хостори назорат бар паҳншавии сироят шуд.
Обилаи ҳамдуна як сирояти вирусист, ки метавонад байни одамон низ гузарад. Ҷараёни беморӣ одатан сабук мегузарад ва аксари беморон дар давоми чанд ҳафта шифо меёбанд, аммо баъзеҳо метавонанд ин дардро бо мушкилӣ паси сар кунанд.
Аломатҳои аввалини бемории обилаи маймун ин табларза, дарди сар, дарди мушакҳо, дарди пушт, варам кардани гиреҳҳои лимфа, хунукхӯрӣ ва бемадорӣ мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки дар Русия ва Тоҷикистон феълан ин дард роҳ наёфтааст. Дар Тоҷикистон гуфтанд, ки ворид шудани обилаи маймун ба ҷумҳурӣ қариб ғайриимкон аст. Зеро марз бо Ҷумҳурии Афғонистон. ки он ҷо ин беморӣ дар ҳоли паҳншавӣ қарор дорад, баста аст. Дар дигар ҳамсоядавлатҳо ин беморӣ сабт нагардидааст.